Шаҳрдори Душанбе аз тарзи бунёди биноҳо дар пойтахти Тоҷикистон танқид карда, хоҳони ҳалли камбудҳо то моҳи марти имсол шудааст. Ин дар ҳолест, ки сокинон чанд сол боз аз кори, ба гуфтаашон, "хом"-и баъзе ширкатҳои сохтмонӣ дар Душанбе норозиянд. Коршиносон мегӯянд, эҳтимол танқидҳо ба баёни мавқеи ахири шаҳрдорӣ сабаб шудааст, вале бовар доранд, ислоҳи вазъ осон нахоҳад буд.
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми январ дар ҷаласае гуфтааст, ҳарчанд дар солҳои охир сохтмони манзил барои сокинон афзоиш меёбад, наҳваи бунёди онҳо беҳбудӣ мехоҳад. Ба эътиқоди ӯ, "ширкатҳо меъёри сохтмони манзилро риоя намекунанд" ва дар баъзе маврид аз лоиҳаи тасдиқшуда биноҳои ошёнааш бештар месозанд.
"Фаъолияти комиссияҳои қабули манзил аз ҳар ҷиҳат беҳбудӣ мехоҳад. Зеро аксаран биноҳои истиқоматӣ бидуни роҳравҳои сайругашт ва майдончаҳои бозии кӯдакон, роҳравҳо барои маъюбон ва таваққуфгоҳҳо барои мошинҳо қабул карда мешаванд. Дар баъзе маврид биноҳои истиқоматӣ дар сари роҳ, бе риояи қоидаҳои тасдиқшудаи меъморӣ ва ба ҳам наздик сохта мешаванд," – афзудааст ӯ.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар чанд соли охир дар пайи иҷрои барномаи бозсозӣ ё ба истилоҳ "Генплан"-и Душанбе сохтмони биноҳои баландошёна ва тахриби биноҳои қадимӣ дар пойтахти Тоҷикистон зиёд шудааст.
Ҳар ширкат барои сохтану ба истифода додани биноҳо дар ҳудуди пойтахт аз шаҳрдорӣ иҷозат мегирад. Ҳоло суол ин аст, ки мақомот то ин муддат аз натиҷаи кори ширкатҳо хабар надоштанд ва ё гузашт мекарданд?
Дар шаҳрдории Душанбе рӯзи 14-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дастури рафъи камбудҳо ду рӯз пеш ироа шуда, "муовини аввал якҷо бо Сарраёсати сохтмону меъмории пойтахт машғули ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкил ҳастанд".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Зиндагии беш аз 300 нафар дар сохтмонҳои нотамом: Бе санад, бе лифт. ВИДЕО"Ҷойи бозӣ надорем, оби гарм ҳам"
Сокинони пойтахт пайваста аз сифату риоя нашудани қоидаҳои сохтмони манзилҳо шикоят мекунанд. Ба гуфтаи Саодат Зиякова, сокини шаҳри Душанбе, ҳолатҳое низ ҳастанд, ки солҳост мардум дар биноҳои навсохт зиндагӣ доранд, аммо ин манзил дар ҳеч ҷой сабт нашуда ва нишонӣ ҳам надорад.
“Мо барои бозии кӯдакон ҷой надорем, тавақуфгоҳи мошинҳо надорем, барои гарм кардани манзил шароит надорем,” – гуфт ӯ.
Ғафур Шерматов, таърихнигори тоҷик, ба ин назар аст, ки дар ниҳоят шикоятҳои сокинон аз вазъи буҳронии бахши сохтмонӣ дар пойтахт ба гӯши мақомдорон расидааст. Ба бовари ӯ, “ин гуфтаҳо ба он маънист, ки сифати манзил беҳбудӣ мехоҳад. Ин ҳарфҳо ба он маънист, ки минбаъд риоя накандани қоидаҳои тасдиқшудаи сохтмонӣ ғайриимкон мешавад. Зеро тӯли солҳои дароз қоидаҳои асосии шаҳрсозӣ дар Душанбе сарфи назар карда мешаванд”.
Ба гуфтаи Ғафур Шерматов, дар аксар ҳолат дар Душанбе биноҳои бисёртабақаи истиқоматӣ бидуни риояи масофаи зарурии зиддисӯхторӣ ё дар канори роҳи мошингард сохта мешаванд, ки қоидаҳои шаҳрсозии чунин ҳолатҳоро қатъиян манъ мекунад.
Дар гузашта низ мақомот барои чанд ширкат, аз ҷумла ширкати вобаста ба пайвандони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, барои ислоҳи камбудҳо фурсат дода, аммо баъдан нагуфтанд, ки хостаашон бароварда шуд ё не. Дар ҳоле ки муштариёни ин ширкат ҳанӯз аз пурра сохта нашудани биноҳо ва фароҳам нагардидани шароити зист дар онҷо шикоят доранд.