Дар нооромиҳои Қазоқистон 164 нафар кушта ва наздик ба 6000 кас боздошт шудаанд

Алмато

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки дар нооромиҳои ахири ин кишвар 164 нафар ҳалок шудааст.

Ба қавли Вазорат, дар шаҳри Алмато 103 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар вилояти Қизилордин 21 нафар, дар Ҷамбул 10 нафар ва дар вилояти Алмато 8 нафар кушта шудаанд. 22 нафари дигар дар кадом вилоят кушта шудаанд, вазорат шарҳ надодааст.

Мақомоти интизомии Қазоқистон хабар доданд, ки дар заминаи ин воқеаҳо наздик ба 6000 нафар боздошт шудаанд. Телевизиони давлатии Қазоқистон бо пахши ин хабар ҳамчунин наворҳои "иқрор"-и боздоштшудаҳоро пахш мекунад, ки яке аз онҳо баҳсбарангез шуд. Ин шахс, ки бо гумони ширкат дар нооромиҳо боздошта шудааст, гуфт, дар зиндон ҳамроҳи ӯ шаҳрвардони Тоҷикистон низ ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид изҳори назар накардаанд.

Дар Қазоқистон бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ аз аввали моҳи январ мардум ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо ба хушунат печиданд. Пештар мақомоти қазоқ хабар дода буд, ки рӯзи 5-уми январ 28 корманди Вазорати корҳои дохилии ин кишвар кушта шудааст.

Мақомоти кишвар 6-уми январ эълон карданд, ки “амалиёти зиддитерористӣ” анҷом медиҳанд. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ба низомиёни фармон додааст, ки “нопурсида паронанд”.

Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ тавр эътирози осоишта дар Қазоқистон ба хушунат печид. Бо даъвати президенти ин кишвар, кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон ба Қазоқистон сарбозу афсар фиристод. Мухолифини тоҷик ин иқдомро хилофи арзишҳои давлатдорӣ ва дахолат ба умури кишвар дониста, танқид карданд.