Қазоқистон, кишвари сарватманди Осиёи Марказӣ ва яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон, шоҳиди тазоҳуроте шуд, ки дар сӣ соли истиқлоли он кишвар собиқа надоштааст. Эътирозу ноамнӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, боиси ташвиши Русия ва Чин гардид. Қазоқистон қисми зиёди маҳсулоти нафтиашро ба Пекин мефурӯшад ва ҳамкори стратегии Маскав низ ҳаст.
Якбора боло рафтани арзиши гази моеъ дар оғози имсол сабаби эътироз дар шаҳри нафтии Жанаозен шуд. Дар ибтидо эътирозгарон поин бурдани нархро талаб доштанд, сипас, талабҳои сиёсӣ пеш оварданд. Эътироз давом кард ва даҳҳо ҳазор кас дар шаҳру минтақаҳои дигари Қазоқистон алайҳи ҳукумати авторитарӣ шиор доданд.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар аввал, зоҳиран, ба ҳарфи эътирозгарон гӯш дод. Ӯ кӯшиш кард, аъзои ҳукуматро ба истеъфо фиристода, хашми тазоҳургаронро поин биоварад, аммо дар поёни рӯз рафторашро дигар кард.
Ӯ эътирозгаронро “террорист” номид. Баъдан, аз иттиҳоди низомии таҳти назари Русия, Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, барои саркӯби, ба гуфтааш, “таҳдиди террористӣ” мадад хост. СПАД розӣ шуд, ки шуморе аз нерӯҳои посдори сулҳро ба ин кишвар фиристад.
Чаро мардум хашмгин буданд?
Дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки сӣ сол пеш аз Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлол ба даст оварданд, Қазоқистон сарватмандтарин ба ҳисоб меравад. Ҳудуди он ки ба андозаи Аврупои Ғарбӣ бузург аст, захираҳои бузурги нафт, гази табиӣ, уран ва маъданҳои дигари гаронбаҳо дорад.
Ин сарватҳои табиӣ ба як қишри ҷомеа имкон дод, ки фавқулода доро шаванд, вале ба сурати умум, мушкилоти иҷтимоӣ миёни сокинон сол то сол бештар шуд. Музди миёнаи маош дар ин кишвар камтар аз 600 доллари амрикоӣ аст. Сохтори бонкӣ дар ин кишвар дучори буҳрон шуд, ки дар пайи он сокинон зиён диданд. Дар аксар минтақаҳои Қазоқистон фасоду ришватхорӣ ривоҷ ёфт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Женева, Канн, Ню-Йорк... Хонаҳои бошукӯҳи наздикони Назарбоев. ВИДЕО, АКСРаҳпаймоие, ки боиси буҳрони ахир дар Қазоқистон шуд, аз шаҳри нафтии Жанаозен, дар ғарби ин кишвар, оғоз ёфт. Эътирози сокинон аз он аст, ки фикр доранд, сарватҳои табиӣ ба фоидаи ҳамаи аҳолӣ сарф намешавад. Дар соли 2011 пулис дар ин шаҳр чандин нафарро, ки дар тазоҳурот ба ҳимоят аз коргарони ширкатҳои нафтӣ эътироз мекарданд, кушта буд.
Рӯзи шанбеи гузашта, вақте нархи гази моеъ, ки онро барои рондани мошинҳо истифода мебаранд, боло рафт, сабри сокинон лабрез шуд. Сокинони шаҳрҳои наздик низ ба эътирози онҳо ҳамроҳ шуданд ва дар давоми чанд рӯз эътирозҳо бузургтар шуданд ва дар тамоми кишвар паҳн гардиданд.
Кӣ тазоҳургаронро раҳбарӣ мекунад?
Солҳо боз саркӯб кардани садои интиқодӣ дар Қазоқистон ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Чеҳраҳое, ки талоши муқобилият бо ҳукуматро мекунанд, саркӯб мешаванд ё зери фишор аз мавқеи худ даст мекашанд ва ё дар ниҳоят бо ҳукумат ҳамовоз мегарданд.
Аз ин рӯ, ин эътироз дар Қазоқистон бесобиқа буд, чун дар эътирозҳои гузашта аз даҳ ҳазор бештар нафар ҷамъ намешуданд ва ҳеч гоҳ тазоҳурот бо чунин шева шакл гирифта, бузург нашуда буданд.
Аз ибтидои истиқлоли Қазоқистон қудрат дар дасти Нурсултон Назарбоев буд. Назарбоев, ки ҳоло 81 сол дорад, соли 2019 аз мансаби президент канор рафт ва шарики дерини худ, Қосимҷомарт Тоқаевро ворис таъин кард. Назарбоев дар мақоми раҳбари доимии Шӯрои амният, ки ҳаққи назорати низомиён ва Хадамоти амниятро дорад, қарор гирифт. Тоқаев рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки вазифаи раиси Шӯрои амниятро аз Назарбоев гирифтааст.
Хашму ғазаби эътирозгарон на ба Тоқаев, балки ба сӯи Назарбоев нигаронида шудааст, ки то ҳанӯз қудратро дар Қазоқистон дар даст дорад. Дар ин эътирозҳо "Шал кет!" ("Пирамард, бирав!") ба шиори аслии эътирозгарон табдил ёфтааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Рафтан барои мондан. Роҳи хоси президентҳои худкома барои тарки мақомБархӯрди мақомот чӣ гуна буд?
Як мақоми пулиси Алмаато рӯзи панҷшанбе гуфт, ки даҳҳо эътирозгар дар ҳамла ба биноҳои ҳукуматӣ кушта шуданд. Вазорати умури дохилии Қазоқистон гуфт, 18 афсари пулис ва Горди Миллӣ ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар захмӣ шуданд.
Гуфта мешавад, талоши ҳамла ба биноҳо, аз ҷумла шаҳрдории Алмаато, рӯзи чаҳоршанбе сурат гирифтааст. Шумори зиёди нерӯҳои пулис ва Горди Миллиро ба онҷо фиристоданд. Издиҳомро, ки ба сӯи бинои шаҳрдории Алмаато равона буд, монеаҳои бузурги полис ва зиреҳпӯшҳо пешвоз гирифтанд. Дар ҳоле ки эътирозҳо одатан ба осонӣ пароканда карда мешаванд, шумораи одамон ин дафъа зиёд буд.
Бо ҳамла ба биноҳои ҳукуматӣ дар чанд шаҳри бузург, Қосимҷомарт Тоқаев аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, як паймони низомии таҳти раҳбарии Маскав, мадад хост. Вай даъват барои мудохилаи беруниро бо он асоснок кард, ки эътирозгарон бо “дастури гурӯҳҳои террористии байнулмилалӣ” амал мекарданд, вале ҷузъиёт надод.
Оё ҳукумат дигар хоҳад шуд?
Пеш аз ин, дар Қазоқистон чанд дафъа тазоҳуроти бузург баргузор шудааст. Аз ҷумла, соли 2016 пас аз қабули қонуни баҳсбарангези замин ва соли 2019 пас аз интихоботи баҳсбарангезе, ки роҳи Тоқаевро ба қудрат кушод. Вале ба монанди эътирозҳои рӯзҳои охир бузургу серодам набудааст.
Тоқаев дар муроҷиатҳои худ ба мардум ваъда дод, ки ислоҳотро идома медиҳад ва ишора кард, ки озодии сиёсӣ имконпазир аст, аммо дертар роҳи саркӯбро пеш гирифт.
Ҳоло гуфтан душвор аст, ки эътирозҳо дар Қазоқистон бо чӣ ба охир мерасад. Аммо ҳатто агар норозиён натавонанд, ки ҳукуматро дигар кунанд, эҳтимол метавонанд, ба тағйироти ҷиддӣ водор намоянд.