Порлумони Тоҷикистон ба фиристодани нерӯ ба Қазоқистон ризоят дод

Маҷлиси Намояндагон барои истифода аз нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар мувофиқат кардааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" хабар дод.

Тибқи иттилои расмӣ, дар нишасти якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ки 7-уми январ баргузор шуд, танҳо як масъала баррасӣ шудааст ва вакилон барои истифодаи нерӯҳои мусаллаҳ берун аз қаламрави кишвар "барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ризоят доданд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, барои фиристодани нерӯҳои мусаллаҳ ба қаламрави берун аз кишвар, мувофиқати порлумон зарурӣ аст.

Ризоияти порлумон ба ирсоли нерӯ ба хориҷ дар ҳолест, ки тибқи иттилои расонаҳои русӣ, шаби гузашта як гурӯҳи иборат аз 200 нафар аз нерӯҳои посдори сулҳ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон фиристода шуданд. Интиқоли нерӯҳо дар чаҳорчӯбаи нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД сурат гирифт.

Як манбаи муътамад дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нерӯҳо барои муҳофизати мактабҳо, бемористонҳо ва иншооти иҷтимоӣ сафарбар карда мешаванд. Ба гуфтаи манбаъ, ин нерӯҳо аз аслиҳа истифода нахоҳанд бурд.

Неруҳои сулҳхоҳ аз кишварҳои СПАД бо даъвати раиси ҷумҳури Қазоқистон ба он кишвар рафтанд. Теъдоди воқеии неруҳои ирсолшуда дақиқ нест. Аммо тибқи хабарҳо, то ин дам Русия ва Белорусия ҳам нерӯҳои худро ба Қазоқистон фиристоданд. Ба навиштаи расонаҳо, Белорусия ба Қазоқистон аз 100 то 300 низомӣ фиристод.

Ирсоли нерӯҳо аз кишварҳои СПАД дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон норозигиҳоро ба миён овард. Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон 6 январ дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шуда, талаб карданд, ки ба Қазоқистон нерӯ фиристода нашавад. Девони вазирони Қирғизистон аз сокинони ин кишвар даъват кардааст, ки қарори фиристодани нерӯ ба Қазоқистонро "дуруст ва бо ҳисси масъулият" қабул кунанд.

Девони вазирон гуфтааст, Қирғизистон ҳамчун ҳамсояи наздик ва ҳампаймони стратегии Қазоқистон ҳақ надорад, ба дархости кӯмаки ҳукумати қонунии он кишвар посухи рад дода, ӯҳдадориҳои худро дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) иҷро накунад.

Панҷ рӯз боз дар шаҳрҳои калонтарини Қазоқистон тазоҳурот идома дорад. Сокинони норозӣ аввал бо талаби поин овардани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо баромаданд, сипас истеъфои ҳукумат ва аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро талаб карданд. Рӯзи 5-уми январ эътирозҳо дар Алмаато ба хушунат печид ва ҳукумати Қазоқистон онро "таҳдиди террористӣ" хонда, аз шариконаш дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ёрӣ хост.