Бар асари таркиш дар маркази табобатии "Оби шифобахш" дар шаҳри Ваҳдат, наздикии Душанбе, шаш кас захмӣ шудаанд. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми январ гуфтанд, вазъи ду нафари онҳо "вазнин" аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки ҳодиса шаби 3-юми январи имсол рӯй дод. "Аз таркиши ногаҳонӣ чанд ҷойи бадани шаш нафар сӯхтааст. Маҷрӯҳон дар шифохона бистарӣ карда шудаанд," -- гуфтанд дар Кумита. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз сабаби таркиш маълум нест, аммо ташхис рӯзи 5-уми январ нишон додааст, ки дар таркиби оби табобатгоҳ гази "пропан" мавҷуд аст.