Бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудани як афсари милиса хешовандони Меҳроҷиддин Гадозодаи 31-сола, сокини шаҳри Ваҳдатро озурдаву нигарон кардааст. Ин ҷавон ва падари се фарзанд ҳашт моҳ пеш, баъди боздошт шудан аз сӯи маъмурони милиса, дар ҳолати ғайриоддӣ ҳалок шуд.
Мақомот гуфтанд, ӯ ба дуздӣ гумонбар буд, вале бо ҳадафи фирор аз ошёнаи сеюми Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат худро ба замин партофт ва ҳалок шуд. Хешовандони Меҳроҷиддин иддао доранд, ки вай бар асари шиканҷа ҷон бохтааст ва бояд гунаҳкорон ҷазо бигиранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳалокати гумонбар ба дуздӣ баъди боздошт. ВКД: "Ӯ худро аз ошёнаи севум партофт"Мақомот: Афв дуруст аст. Падар: Беадолатист
Дар пайванд ба марги Меҳроҷиддин Гадозода, афсари милиса Хушвахт Файзуллозодаро ба ҷавобгарӣ кашида буданд. Додситонӣ ӯро ба хунукназарӣ ҳангоми иҷрои вазифа муттаҳам кард, вале моҳи ноябри соли 2021 бар асоси қонуни афв парвандаашро баст.
Файзулло Гадоев, падари Меҳроҷиддин, рӯзи 4-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афви афсари милисаро "беадолатӣ" номид. Вай гуфт: "Ҳеч далеле пешниҳод накарданд, ки фарзанди мо аз ошёнаи севум худро партофтааст. Борҳо аз додситониву додрас хостем, ки шиканҷа шудани писари моро баррасӣ кунанд, аммо нодида гирифтанд. Навори дурбинҳои назоратиро ба мо нишон надоданд."
Дар Додгоҳи шаҳри Ваҳдат тафсилоти парвандаро ошкор накарданд, аммо қарори худро дурусту иддаои наздикони Меҳроҷиддинро нодуруст хонданд.
Хушвахт Файзуллозода, корманди пешини милиса, рӯзи 4-уми январ нахост, бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Модараш дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, "писарам бегуноҳ аст, вале ба ӯ туҳмат заданд ва ба зиддаш парванда кушоданд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вакил: Ба Додгоҳи олӣ шикоят кардем
Вакили мудофеи хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода бовар дорад, тафтиши парвандаи марги ӯ аз аввал мунсифона сурат нагирифтааст. Гулчеҳра Холматова, раҳбари гурӯҳи расонидани ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, гуфт, аз рӯйи ҳукми Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд.
"Ҳангоми тафтишот дар бораи дидани навори дурбинҳо дархост додем, бо ҳар баҳона қонеъ нагардид. Мо нисбати шиканҷа кардани Гадозода шикоят бурдем ва то охир ин масъаларо пайгирӣ мекунем," -- афзуд Гулчеҳра Холматова.
Меҳроҷиддин Гадозода писари ягонаи хонавода буда, ба қавли падараш, гоҳе аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ ва гоҳе аз ҳисоби нигоҳубини чорвои ҳамдеҳагон пул меёфт ва рӯзгорашро пеш мебурд. Аз ӯ се фарзанд мондааст.
Бори аввал нест, ки шахси гумонбар пас аз чанд соати боздошт аз сӯйи мақомоти интизомии Тоҷикистон ба таври мармуз ба ҳалокат мерасад. Пештар низ чанд гумонбар баъди дастгир шудан аз тарафи маъмурони милиса ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҷон бохта буданд. Қазияи Абдурасул Назаров, Баҳромиддин Шодиев, Шамсиддин Зайдуллоев ва Умар Бобоҷонов аз ин қабил аст. Наздикони онҳо ҳамеша аз шиканҷа гуфтаанд, вале мақомот сактаи дилу муътодии гумонбаронро далел пеш овардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Барои фарзандони мо кӣ ҷавоб медиҳад?". ВИДЕО