Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқдон ва узви “Комиссияи 44”-ро дар шаҳри Хоруғ бозпурсӣ кардааст.
Дар ҳоле ки мақомот дар ин маврид шарҳе намедиҳанд, ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, аз Эргашев хоста шудааст, ӯ ва ҳамроҳонаш “ба масъалаи ба эътидол овардани вазъ дар Хоруғ дахолат накунанд.”
“Комиссияи 44” аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат буда, дар пайи эътирозҳои моҳи ноябр дар маркази вилояти Бадахшон ташкил шудааст.
Хуҷамрӣ Пирназаров, масъули дафтари матбуоти “Комиссияи 44” рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот охири ҳафтаи гузашта Фаромуз Эргашевро ба “суҳбат” даъват кардаанд.
“Аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ мардумро ором карданд. Аз майдон берун карданд. Мехоҳанд, тафтишоти марги Гулбиддин Зиёбеков мунсифона сурат гирад. Вале мақомот дар ҷаласаҳои худ аъзои ҷомеаи шаҳрвандиро танқид мекунанд ва ҷинояткор ном мебаранд,” – гуфт Пирназаров.
Тазоҳурот дар Хоруғ рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштақалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд.
Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои сангин, ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам мекарданд. Тазоҳургарон гуфтанд, амалкарди мақомот худсарӣ ва истифодаи беш аз ҳадди зӯр буд.
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввал аз таҳқиқи якҷонибаи эътирозҳои моҳи ноябри имсол шикоят доштанд. Онҳо мегӯянд, дар гирдиҳамоҳои охири Хоруғ 17 нафар захмӣ ва ду кас ба ҳалокат расиданд, вале мақомот танҳо латукӯби кормандони ниҳодҳои қудратиро тафтиш мекунанду бас.