Арзёбии додрасҳои Тоҷикистон нишон додааст, ки дар кишвар теъдоди зиёди худкушӣ дар байни занон ба сабаби ҷабру зулм ва беэҳтиромии шавҳар сурат мегирад.
Бар асоси арзёбиҳои 48 парвандаи ба худкушӣ расониданд, ки Додгоҳи олӣ соли 2019 анҷом додааст, дар ҳафт маврид занон бинобар муносибати бераҳмонаи шавҳар ё таҳқиру латукӯб шудан аз тарафи ӯ худкушӣ кардаанд.
Дар се мавриди дигар муносибати хусуру хушдоман ва ё волидони шавҳар сабаб шудааст, ки келини хонавода аз ҷони азизи хеш даст бикашад.
Дар Тоҷикистон зӯроварӣ ба зан, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ба истилоҳ расм шудааст. Соли 2020 дар Тоҷикистон 295 парвандаи зӯроварӣ дар оила баррасӣ шудааст, ҳарчанд ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи зан бисёре аз бонувони тоҷик бо вуҷуди ҷабру зулми аъзои хонавода ё шавҳар ба мақомоти интизомӣ муроҷиат намекунанд.
Мақомоти кишвар барои пурзӯр кардани мубориза бо ин зуҳурот охири соли 2021 хушунат ба занро ҷиноят эълон карданд ва барои он ҷазои зиндон ҳам таъйин шуд. Дар арзёбии парвандаҳои расонидан ба худкушӣ, ки Додгоҳи олӣ нашр кардааст, омадааст, ки дар умум дар 17 ҳолат ҷабрдидаҳо худро овехтаанд, дар 15 маврид бо истеъмоли доруи зиёд худро аз зиндагӣ маҳрум кардаанд.