Як коршиноси Маркази тадқиқоти стратегӣ - ниҳоди зертобеи президент аз қонуни нави даъват ба артиш интиқод карда гуфтааст, ин қонун метавонад барои соҳаи маориф ва илм “оқибатҳои пешгӯинашаванда ва фалокатбор» ба бор орад.
Далели ин коршинос коҳиши чашмраси шумори донишҷӯён ва магистрҳо дар соли равон мебошад. Масъулини Вазорати дифоъ чунин интиқодҳоро рад карда мегӯянд, хидмат дар артиш монеи таҳсил дар донишгоҳ нест. онуни нави даъват ба артиш дар оғози соли 2021 тавсиб шуд. Тағйироти асосӣ ин буд, ки муҳассилини риштаҳои магистратура ва докторантура аз ҳаққи ба таъхир андохтани хидмат дар артиш маҳрум шуданд. Инчунин донишҷӯёне, ки то ин вақт баъди хатми кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд, акнун муваззафанд як сол дар сафи артиш хидмат кунанд.
Профессор Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии марказ рӯзи 29-уми декабр зимни як нишаст дар Душанбе гуфт, имсол қабули ҷавонон ба мактабҳои олӣ кам шуда ва ҳамагӣ 61,42 фоизи нақшаро ташкил додааст. Ин омор назар ба соли гузашта 16,4 дарсад камтар аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, мебоист, бештар аз 86 ҳазор кас ба мактабҳои олӣ пазируфта шавад, аммо наздики 65 ҳазор дар имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ комёб гардида, дар моҳи сентябр қариб 12 ҳазори онҳо ба дарс ҳозир нашудаанд. Ин масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ, коҳиши шумори донишҷӯёнро яке аз паёмадҳои қонуни нави даъват ба артиш медонад. Ӯ гуфт: “Қабул гардидани қонуни мазкур ба низоми мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таъсири ҷиддии манфӣ расонд. Аввалан бо қабул гардидани ин қонун сатҳи нуфуз ва эътибори мактаби олӣ, майлу хоҳиши ҷавонон барои таҳсил дар ин муассисаҳо коҳиш ёфт.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Дарс диҳем ё ба суоли муфаттишон посух гӯем?" Муаллимон тафтиши додситонҳоро нозарур мешуморандИнтиқоди дигари Қурбонов ин буд, ки дар пайи қабули қонуни нав, шумори муҳассилин дар зинаҳои магистратура ва докторантура ҳам ба таври чашмрас кам шуд. Аз ин сабаб ба гуфтаи масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ, имсол ягон мактаби олии ҷумҳурӣ нақшаи қабул ба магистратураро иҷро накард.
Аз ҷумла Донишгоҳи миллӣ, ки маъруфтарин мактаби олии кишвар, танҳо 30 дарсади нақшаи қабул ба зинаи магистратураро иҷро кардааст. Қабул ба зинаи докторантура ё доктор ҳам якбора коҳиш ёфта, Донишгоҳи миллӣ ба ҷойи 194 нафари дар нақша буда, ҳамагӣ 57 нафарро қабул кардааст.
Профессор Абдураҳмон Қурбонов ҳамчунин гуфт, барои ҳар як кишвар артиши пешрафта ва замонавӣ зарур аст, вале ин набояд аз ҳисоби харобу заиф сохтани низоми илм ва маориф амалӣ шавад. «Банди дахлдори қонун бояд бозбинӣ шавад, зеро он хилофи сиёсати президент дар соҳаи маориф аст. Дар Тоҷикистон маориф самти афзалиятнок эълон шудааст, ки он бояд ҳамаи зинаҳои онро - шуруъ аз боғчаву мактаб то мактаби оливу зинаҳои дигари таҳсилот дар магистратура ва докторантураро фаро гирад. Қонун хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар самти амнияти зеҳнӣ маҳсуб мешавад. Зеро ин зарбаи ҷиддӣ ба ташаккул ва рушди амнияти зеҳнӣ мебошад,” - гуфт Абдураҳмон Қурбонов.
Вазорати дифоъ, қонунро ҷавобгӯи шароити имрӯз медонад
Қонуни нави даъват ба артиш пештар низ интиқоди ҳомиёни ҳуқуқро ба миён оварда буд. Вале ин аз камтарин ҳолатҳои аст, ки як мақоми расмӣ аз ин қонун интиқод мекунад. Мақомот дар посух ба чунин интиқодҳо гуфтаанд, қонуни нав ҷавобгӯи шароити имрӯз аст.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ барои онҳое, ки дар зинаҳои магистратура ва докторантура таҳсил мекунанд, муфид хоҳад буд. Сухангӯи вазорати дифоъ афзуд: “Нафаре, ки хоҳиши таҳсил кардан ва ҳимояи рисолаи илмиро дорад, фикр мекунам, уҳдадории ҳарбӣ ва омодагӣ барои дифоъ аз ин марзу бум барои ӯ бояд монеагӣ эҷод накунад.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Вазири маориф баҳси маршировкаро "хасакӣ" хонд, вале на ҳама розист. ВИДЕОҲомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аз оғози қабули қонуни нави хидмат дар артиш хостори бозбинии баъзе бандҳои он ҳастанд. Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки ба ҳимояи ҳуқуқи сарбозон ва даъватшудагон машғул аст мегӯяд, мақомоти дахлдор дар оғоз ба онҳо посух доданд, ки бояд дар таҷриба бинанд, ки қонуни чӣ гуна мешавад.
Ҳомии ҳуқуқ афзуд, нигарониҳои онҳо бахусус дар самти ҷалби муҳассилини риштаҳои илмӣ дар ниҳоят дуруст баромад: “Муҳассилини риштаи магистратура ё докторантураро аз нисфи хондан аз таҳсил канда, гирифта ба артиш бурданд. Агар муҳаққиқ кори илмиашро оғоз карда бошад, аллакай кораш аҳамияти худро аз даст медиҳад. Кори илмӣ ба ин тавр аст, ки бояд бетанаффус онро иҷро кунӣ ва ба ин хотир онҳоеро, киба кори илмӣ машғуланд набояд ба артиш баранд.”
Мақомот дар бораи ворид кардани тағйирот ба қонун посухи норӯшан доранд. Дафтари матбуоти Вазорати маориф дар посух ба Радиои Озодӣ навишт, ин ниҳод аз рӯзҳои аввали таҳияи қонун таклифу пешниҳоди худро ба Вазорати мудофиа пешниҳод карда буд “ва ҳоло ҳам дар ин масъала, яъне пешбинӣ намудани имтиёзҳо бо Вазорати мудофиа ҳамкорӣ карда истодааст.”
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ мегӯяд, солҳои баъд муайян ва мушаххас карда мешавад, ки зарурати ворид кардани тағйирот ба қонун ҳаст ё не. Дар ҳоле, ки мақомот барои тағйири шеваи даъват ба артиш шитоб надоранд, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегӣ Абдураҳмон Қурбонов мегӯянд, “оқибатҳои фоҷеабори муносибатҳои бетарафона ба соҳаи илму маориф дарҳол ошкор намешавад. Ин раванд ҳадди аққал бо иваз шудани як насл ошкор мегардад, ки он гоҳ ислоҳи он комилан ғайриимкон аст.”