Роҳи Душанбе - Хуҷанд баста шуд

Барфу тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Роҳи Душанбе - Чаноқ, ки пойтахтро бо шимоли Тоҷикистон мепайвандад, муваққатан баста шудааст.

Намояндагони ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи пулакӣ, шоми 1-уми январ гуфтанд, тасмим “бинобар бениҳоят шадид будани бориши барф ва бо ҳадафи таъмини бехатарии шаҳрвандон” гирифта шуд.

Маълум нест, ки роҳро кай дигарбора боз мекунанд. Масъулони ширкат гуфтаанд, талош доранд, ки роҳро ҳарчи зудтар аз барф пок намоянд.

Ширкати IRS, ки мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе - Чаноқ аст, соли 2009 дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст. Молики ширкат маълум нест, аммо баъзе аз расонаҳо ва мухолифин онро ба наздикони президенти Тоҷикистон пайванд медиҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эътирози баъзе аз вакилон беҷавоб монд. Дар роҳи Душанбе-Чаноқ бо пули Покистон долон сохтанд. ВИДЕО

Ин ширкат аз аввали имсол нархи хидматрасонии худро боло бурд ва сабаби норизоии ронандагон шуд.