Беш аз 40 муҳоҷири тоҷик, ки қарори ихроҷашон аз Русия содир шудааст, шаби Соли навро дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав пушти сар карданд.
Онҳо се рӯз боз интизори парвоз ба Тоҷикистон ҳастанд, вале бо далели барояшон номаълум дар фурудгоҳ дармондаанд.
"Маро якумрӣ аз Русия хориҷ карданд"
Мақомоти Русия ин ҳолатро шарҳ надоданд, вале муҳоҷирон мегӯянд, аксари онҳоро бедалел аз ин кишвар ихроҷ доранд.
Бахтиёр Ғаюров, як тан аз муҳоҷироне, ки қарори ихроҷаш содир шудааст, рӯзи 1-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксаран, ҳатто сабаби ихроҷашонро намедонанд. Дар қарори ихроҷи Бахтиёр, ки ба Радиои Озодӣ фиристод, ӯро барои як умр аз ҳаққи ворид шудан ба Русия маҳрум кардаанд. Ӯ ба нақзи қонуни вуруд ба Русия гунаҳкор дониста мешавад, вале ҳеҷ шарҳе нест, ки мушаххасан ӯ чӣ хатое кардааст. “Маро якумра аз Русия хориҷ доранд. Сабабшро намедонам. Дар ҳақиқат баъзеҳоро барои иваз кардани ному насаб, надоштани патент ихроҷ доранд, вале бисёриҳоро, ба монанди ман, бе далел берун мекунанд. Бачаҳое, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшон қонунӣ аст, хориҷ шуда истодаанд.”,--гуфт ӯ.
Муҳоҷироне, ки ҳамроҳ бо Бахтиёр дар фурудгоҳ қарор доранд, аз шароити сахт шикоят карданд. Онҳо мегӯянд, на ҷойи хоби дуруст доранд, на бо ғизо таъминанд.
Муҳоҷире, ки қарори ихроҷашро тағйир дод
Мақомоти Русия пайваста шуморе аз муҳоҷирони тоҷикро аз ин кишвар хориҷ мекунанд. Кам иттифоқ меафтад, ки як муҳоҷир қарори ихроҷашро тағйир диҳад.
Танҳо рӯзи 28-уми декабр додгоҳи шаҳри Маскав қарори ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистонро ғайриқонунӣ донист ва онро бекор кард.
Ташрифбек Маҳмадсаидови 40-сола аз ҷумлаи даҳҳо муҳоҷире буд, ки аввали моҳи декабр, бинобар мушкил доштан дар санадҳояш, боздошт ва ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 28-уми декабр қарори додгоҳи ноҳияи Кузмини ин шаҳрро бекор кард ва роҳи бозгашти дубораи шаҳрванди Тоҷикистонро ба Русия боз кард.
Муҳаммад Собиров, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки аз Ташрифбек дар додгоҳ намояндагӣ кардааст, гуфт, бекор шудани қарори нафаре, ки аллакай дар ватан қарор дорад, камсобиқа аст.
Ӯ гуфт, додгоҳи зинаи поёнӣ ин муҳоҷири тоҷикро бе асос ихроҷ карда буд, ки онро додгоҳи шаҳрӣ бекор кард.
Ташрифбек Маҳмадсаидов, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад, гуфт, барои бозгашт ба Маскав омодагӣ мегирад. Ӯ то замони ихроҷ ҳашт сол дар Русия дар сохтмон кор кардааст ва ҳамсару фарзандаш ҳоло дар Маскав ҳастанд.
Чаро тоҷиконро ихроҷ мекунанд?
Наздики 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз Русия ихроҷ шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон бар инанд, ки дар аксар маврид шаҳрвандони Тоҷикистонро бе ягон қонуншиканӣ ва бо баҳонаҳои ночиз хориҷ мекунанд.
Каримҷон Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ҳангоми содир кардани қарори ихроҷи муҳоҷирон дар додгоҳ ба маводи пешниҳодкардаи пулис такя мекунанд, ки на ҳамеша воқеият дорад. “Онҳо фикр мекунанд, ки пулис ҳеҷ вақт далели бемантиқ пешниҳод намекунад ва шаҳрвандони Тоҷикистонро хориҷ мекунанд. Шаҳрвандон ҳам, ки қисми зиёд аз ҳуқуқҳои худ бехабаранд ва ё худро дар қайд ба воситаи миёнрав мондаву дақиқ намедонад, ки дар қайд ҳастанд ё не, ба ин хотир ё хомӯш мемонанд ва ё метарсанд, чизе гӯянд. Онҳоро метарсонанд, ки агар шумо даъво кардед, мо шуморо тариқи боздоштгоҳ мефиристем ва як моҳ ё ду моҳ дар он ҷо мемонед. Аз ин хотир бисёриҳо хомӯширо ихтиёр мекунанд.”,--гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, дар додгоҳ зимни баррасии чунин парвандаҳо аксаран маводи пешниҳодкардаи вакилони дифои муҳоҷирон қабул намешавад. Ӯ гуфт, ки бештар чунин рафтор нисбат ба муҳоҷирони тоҷик раво дида мешавад, чун аз ҷониби ҳукуматашон дуруст ҳимоят намешаванд.
Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Пайваста аз нақзи ҳуқуқи онҳо аз ҷониби корфармо ва мақомоти рус хабар нашр мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Додгоҳе дар Русия як муҳоҷири тоҷикро "сафед" кардДодгоҳе дар пойтахти Русия ихроҷи 6 муҳоҷири тоҷикро тасдиқ кардИхроҷи муҳоҷирон аз Санкт-Петербург. Тоҷикон ҳам кам нестандИхроҷи Бахтиёр Усмонов аз Русия. Додгоҳи Аврупо хоста буд, Маскав ба ӯ 11 ҳазор евро диҳадРусия Валентина Чупик, ҳомии муҳоҷирони кориро 30 сол аз ҳаққи вуруд маҳрум кард