Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи муҳоҷирон аз Санкт-Петербург. Тоҷикон ҳам кам нестанд


Қароргоҳи депортатсионӣ дар шаҳри Егорйевски Русия
Қароргоҳи депортатсионӣ дар шаҳри Егорйевски Русия

Мақомоти шаҳри Санкт-Петребург аз аввали имсол 524 шаҳрванди хориҷиро аз ҳудуди шаҳр берун кардаанд. Онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои будубош муттаҳаманд. Ба иттилои расмӣ, дар миёни онҳо 80 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ин омор дар ҳоле эълон шудааст, ки то моҳи июни соли 2021 аз сартосари Русия 8 ҳазору 600 муҳоҷирро берун карда буданд. 1200 нафари дигар дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ мунтазири интиқол ба кишвари худ мебошанд.

Дар айни замон, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав зиёд шудааст.

Ҳуқуқшиносони маркази "Тонг ҷаҳони" дар даҳ рӯзи охир ихроҷи ҳудуди 50 зодаи Тоҷикистонро ҳисоб кардаанд.

XS
SM
MD
LG