Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зидди 13 сокини шаҳри Хоруғ парванда кушодааст.
“Комиссияи 44”, иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод ба буридани дарахт ҳангоми эътирозҳои моҳи ноябри имсол муттаҳаманд.
Додситонии ВМКБ қазияро ба таври расмӣ шарҳ надодааст.
Хуҷамрӣ Пирназаров, як масъули “Комиссияи 44”, рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, гумонбарон ҳаққи берун рафтан аз маҳалли зистро надоранд. Радиои Озодӣ то ин дам номи ду нафари онҳоро пайдо кард. Аз онҳо Шайдо Хушқадамов ва Муяссар Соҳибназаров ном бурда мешавад.
“Инҳо дар рӯзҳои таҷаммӯи мардум дар Хоруғ барои пешгирӣ аз эҳтимоли вуруди сарбозон ва зиреҳпӯшҳо дарахтҳоро бурида, сад(д) гузошта буданд. Инҳо ба хотири он ба ин амал даст зада буданд, ки мардум баъди кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков аз ҳукумати кишвар мехостанд, омилони марги ӯро ба ҷавобгарӣ кашанд,” -- тафсилот дод Пирназаров.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мақомот сафари 66 нафар эътирозгари Хоруғро ба хориҷ манъ кардаастВай ҳамзамон аз он изҳори ташвиш кард, ки мақомот ба воситаи телевизиони маҳаллӣ ташвиқи зидди, ба истилоҳ, “дарахтбурон”-ро созмон додаанд. “Навори кормандони идораҳо, мактабҳо ва беморхонаҳоро намоиш медиҳанд. Онҳо 13 нафарро маҳкум мекунанд. Кори якҷонибаи телевизиони давлатӣ ба ҷараёни тафтишот халал мерасонад,” -- афзуд ӯ.
Ба иттилои дарёфтӣ, “Комиссияи 44” рӯзи 30-юми декабр аз раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон хостааст, ба аъзои гуруҳ барои ибрози назар 30 дақиқа вақт бидиҳанд. Маълум нест, ки мақомот дархостро мепазиранд ё не.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро баёнияи вакил Давлатзод дар бораи Бадахшон ҷанҷолӣ шуд?Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ибтидо аз таҳқиқи якҷонибаи эътирозҳои моҳи ноябри имсол шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, дар гирдиҳамоҳои охири Хоруғ 17 нафар захмӣ шуда, ду кас ба ҳалокат расид, вале мақомот танҳо латукӯби кормандони ниҳодҳои қудратиро тафтиш мекунанду бас.
Тазоҳурот дар Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштақалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам мекарданд. Тазоҳургарон гуфтанд, амалкарди мақомот худсарӣ ва истифодаи беш аз ҳадди зӯр буд.
Эътирози сокинон дар Хоруғ баъди он ки, ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Бадахшон шартҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазируфт, 28-уми ноябр ба поён расид. Норозиён талаб доштанд, ки омилони марги Гулбиддин Зиёбеков дастгир ва муҷозот шуда, интернет дубора дастрас гардад ва эътирозгарон таъқиб нашаванд.
Мақомот расман ин шартҳоро эълон накарда, дар эъломияе гуфтанд, ҳар касе дар тазоҳурот иштирок карда, вале ҷиноят содир нанамудааст, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Сокинон мегӯянд, ҳанӯз дастрасӣ ба Интернет дуруст ба роҳ монда нашудааст.