Вакилони Маҷлиси Намояндагон ба "Зарафшон", корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин, имтиёз доданд. Мақомот гуфтанд, ширкат дар Панҷакент коргоҳи нав месозад ва барои ҳамин аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод аст.
Пешниҳоди сабукӣ ба ширкату корхонаҳое, ки ба Чин ва ё наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон рабт доранд, дар гузашта борҳо танқид шудааст. Мақомот ҳамвора ба ширкатҳои "худӣ" додани имтиёзҳоро инкор мекунанд.
Чӣ мехоҳанд?
Бар асоси созишномае, ки рӯзи 29-уми декабр дар порлумон қабул шуд, сохтмони "корхонаи коркарди тилло ва мис" дар шаҳри Панҷакент ва коркарди конҳои "Таррор" ва "Ҷилав" дар назар гирифта шудааст. Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва корхонаи муштараки "Зарафшон" аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Танқиди монополияҳо. Низоъ дар сулола ё эълони хостҳо?Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рӯзи 29-уми декабр ҳадаф аз созишномаро "ба роҳ мондани коркарди хокаи маъдан дар кишвар" номид. Ӯ афзуд: "Бисёртар хокаро мебароварданд. Шарти муҳим сохтмони корхонаи металлургӣ дар дохили Тоҷикистон буд. Гуфтем, ки коркарди ниҳоӣ дар дохили кишвар шавад."
Корхонаро бо 117 миллион доллар то соли 2023 хоҳанд сохт. Саҳми ҳукумат дар ин тарҳ 30 дарсад ва корхонаи "Зарафшон" 70 дарсад гуфта шудааст. Бар асоси тарҳ, дар як сол коркарди 165 ҳазор тонна хокаи маъданро дар назар доранд.
Дар пайи шикояти сокинон
Ҷонибдории вакилони порлумон аз созишнома дар ҳолест, ки дар гузашта сокинон борҳо аз тарзи кори "Зарафшон" шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин муҳити зистро олуда мекунад.
Ду сол пеш гурӯҳе аз сокинони деҳаи Хумгарони Панҷакент аз оғози корҳои сохтмонии як полоишгоҳи тиллои "Зарафшон" изҳори нигаронӣ карда, гуфта буданд, ба муҳити атроф таъсири бад дорад. Намояндагони корхона шикояти сокинонро беасос хонданд.
Баъзе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 29-уми декабр хоҳони он шуданд, ки корхонаи “Зарафшон” ҳангоми бунёди корхонаи нав дар Панҷакент меъёрҳои ҳифзи муҳити зистро риоя кунад. Дар посух раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, ки “риояи ҳатмии меъёрҳои экологӣ аз сӯи корхона дар созишнома зикр шудааст.”
Чин ва конҳои тиллои Тоҷикистон
Корхонаи муштараки "Зарафшон", воқеъ дар шаҳри Панҷакент, корхонаи бузургтарини тавлиди тилло аст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз пешниҳоди омори дақиқи истихроҷи тилло худдорӣ карда, танҳо дарсади кам ё бештар шудани онро ба расонаҳо мегӯянд.
Ҳоло ширкатҳои чинӣ истихроҷи чандин кони тиллоро дар Тоҷикистон ба даст доранд. ТВЕА-и ин кишвар парвонаи истихроҷро дар конҳои “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло” дар ноҳияи Айнӣ ба даст овардааст. Кони тиллои “Покрӯд” дар мавзеи Ромити ноҳияи Ваҳдат низ пурра ба сармоягузорони Чин тааллуқ дорад.