Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти Тоҷикистон ба хориҷиҳо баъди баҳсҳо дар бораи кони нуқраи "Якҷилва"


Мулоқот бо кормандони бахши саноат. Душанбе, 14-уми октябри 2019
Мулоқот бо кормандони бахши саноат. Душанбе, 14-уми октябри 2019

Баъд аз ду ҳафтаи баҳсҳо дар бораи кони нуқраи "Якҷилва", ки то соли 2037-ум барои истихроҷ ба ширкати чинӣ дода шудааст ва он ҳақ дорад маъдани хомро ба берун барад, президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат изҳори назар кард.

Ӯ мустақим дар бораи ин кон ва вокунишҳои мардум чизе нагуфт, вале таъкид кард, ки "минбаъд конҳои маъдан ба сармоягузорони хориҷӣ бе риояи шарти коркарди маъдан то маҳсулоти ниҳоӣ пешниҳод намегардад."

"Дар давоми ду-се соли минбаъда бояд коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла нахи пахта, пилла, пӯст ва маъдан пурра ба роҳ монда шавад", -- афзуд ӯ. Изҳороти президент рӯзи 14-уми октябр дар мулоқот бо кормандони бахши саноат дар Душанбе садо дод.

Қаблан баъзе аз иқтисоддонҳо берун бурдани маъдани хоми кони нуқраи "Якҷилва"-ро кори нодуруст шумурданд, чун ба бовари онҳо шаффофияташ зери суол меравад ва маълум намешавад, чиниҳо аз ин кон чӣ мавод ва ба чӣ миқдор мебаранд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбати рӯзи душанбе аз иҷро нашудани баъзе аз бандҳои созишнома дар бораи истихроҷи маъдан миёни ҳукумат ва сармоягузорони хориҷӣ хабар дод, вале аз созишномаи мушаххас ном набурд.

Шарти раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ба истифодаи хориҷиён додани конҳои маъдан дар пасманзари интиқодҳои зиёд аз муомилаи ҳукумат бо як ширкати чинӣ бар сари кони нуқраи “Якҷилава”-и ноҳияи Мурғоб садо дод. Маҷлиси намояндагон рӯзи 1-уми октябр аз созишнома пуштибонӣ кард.

Бар асоси шартнома, ширкати чинӣ кони мазкурро то ҳаждаҳ соли оянда дар ихтиёр мегирад ва аз пардохти андоз аз фоида, боҷи гумрукӣ барои ворид кардани таҳҷизот ва ҳамчунин андоз аз арзиши иловашуда (НДС) озод мебошад.

Ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед” ҳақ дорад, маъданро дар дохил коркард накарда, хокаи онро ба берун барад ва дар худи Чин аз он нуқра ҳосил кунад. Ин иқдоми мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран вокуниши манфии корбаронро ба вуҷуд овард ва аксарият мепурсиданд, ки чаро як кон ба пуррагӣ ба ихтиёри ширкати Чин супурда шуд?

Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷбур шуданд, рӯзи 2-юми октябр дар як изҳорот эълон кунанд, ки кони “Якҷилва”-ро ба касе нафурӯхта ё надодаанд, балки ин “раванди маъмулии кор дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад".

Омори мақомот дар бораи ҳаҷми кони нуқра ва муҳлати истихроҷи он ба ширкати чинӣ низ бо ҳам зиддият доштанд.

Тоҷикистон соли 2012 ба Ташаббуси байналмилалии шаффофият дар арсаи истихроҷи маъдан ҳамроҳ шуд ва бар асоси он бояд соҳаи истихроҷ шаффоф бошад. Аммо коршиносон мегӯянд, бахши истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон ҳамчунон норӯшаниҳои зиёде дорад.

Додарбек Сайдалиев, раиси созмони “Шаҳрванд” ва узви эътилофи Ташаббуси шаффофият барои рушд рӯзи 14-уми октябр гуфт, пеш аз додани ягон кон бояд пурсиши умумӣ гузаронд ва назари мардумро пурсид.

“Бойигарии табиии кишвар бойигарии халқ аст. Фақат як вазорат ҳаққи аз номи халқ қарор қабул карданро надорад. Назари мардум ҳатман бояд гирифта шавад. Ҳадди аққал доираи мутахассисон ё намояндагони минтақаҳоро ҷамъ карда, аз онҳо бояд пурсанд. Ин ҷо ягон сирри давлатӣ нест” -- гуфт коршинос.

Соҳаи истихроҷи Тоҷикистон аксаран дар дасти ширкатҳои чинӣ аст. Ба ҳисоби расмии чиниҳо, беш аз 300 ширкати ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд ва ҳамкориҳо истихроҷи тило ва ангишт, истеҳсоли семент, корхонаҳои кимиёӣ, барқ, нассоҷӣ, кишоварзӣ, интиқоли бор ва дигар бахшҳоро дар бар мегиранд.

Бо вуҷуди он ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои мустақил аз ҳузури густардаи Чин ва қарзҳои ҳангуфти он ба Тоҷикистон нигаронӣ мешавад, мақомот борҳо гуфтаанд, ки имкони бозгардондани қарзҳои Чинро доранд ва ҷойе барои ташвиш нест.

XS
SM
MD
LG