Чаро баёнияи вакил Давлатзод дар бораи Бадахшон ҷанҷолӣ шуд?

Шаҳри Хоруғ, ноябри 2021

Изҳороти вакили ноҳияи Дарвоз дар мавриди эҳтимоли ҷудо шудани ин ноҳия аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо норизоиятии сокинон рӯбарӯ шудааст. Ин баёнияи сиёсӣ пас аз поёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи маҷлиси вилоятӣ садо дод. Ҳаким Давлатзод, намояндаи мардуми ноҳияи Дарвоз дар маҷлиси ВМКБ, рӯзи 24-уми декабр изҳор дошт, ки дар сурати давом ёфтани бесуботӣ дар вилоят ноҳия барои ҷудо шудан иқдом хоҳад кард.

Давлатзод дар суханронии аз қабл омодашудааш эътирозҳои 25-28-уми ноябри имсолро дар шаҳри Хоруғ, ки пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков дар пайи амалиёти вижаи ниҳодҳои қудратӣ ба вуқуъ пайвастанд, танқид кард. Ба гуфтаи вай, чунин эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ аз сӯи “гуруҳҳои ҷиноӣ” пайваста сар мезананд, ки пешрафти ноҳияи Дарвозро халалдор мекунанд. Ӯ, инчунин, таъкид кард, ки бошандагони ноҳияи Дарвоз дар шаҳри Хоруғ эҳсоси амният намекунанд.

Ҳаким Давлатзод, муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз ва вакили маҳаллӣ

“Дар сурати таъмин нашудани амният ва субот дар саросари вилоят, мо ояндаи ноҳияи Дарвозро дар ҳайати минтақаи дигар мебинем,” -- таъкид дошт Давлатзод ҳангоми ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ.

Ин вакили маҳаллӣ зикр кард, ки аз манофеи 3 ҳазор интихобкунанда намояндагӣ мекунад ва вазифадор аст, нигаронии онҳоро бирасонад. Бо вуҷуди ин, Давлатзод дар мавриди поймол шудани ҳуқуқи сокинони Дарвоз ҳеч гуна далели мушаххасеро ироа накард.

Ташаббус ё корзор?

Изҳороти вакили маҳаллӣ тавассути телевизиони вилоятии “Бадахшон” пахш шуд. Дар пайи он даҳҳо баёнияи сокинони Дарвоз ва Ванҷ низ пахш шуданд, ки аз таъсири манфии ҳодисаҳои Хоруғ ба зиндагии худ шикоят мекарданд. Ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки наворҳои мазкур ба таври бесобиқа дар гуруҳҳои фейсбукие нашр шуданд, ки қаблан дар онҳо матлабҳои зидди мухолифини ҳукумат ва рӯзноманигорони мустақил ҳамрасонӣ мешуданд.

Радиои Озодӣ бо ҳадафи рӯшанӣ андохтан ба мавқеи Давлатзод бо ӯ тамос гирифт. Вай ҳарчанд барои суҳбат қавл дод, тамосҳои баъдиро бепосух гузошт.

Ба назари ман, баъид аст, ки масъулони давлат роҳи ин равандро ҳамвор кунанд. Ҳукумат пайомади даст задан ба чунин иқдомро дар кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро таҷриба кардааст, хуб медонад.
Парвиз Муллоҷонов

Бо ин ҳол, баёнияи Давлатзод дар байни сокинони ВМКБ, аз ҷумла бошандагони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз бо вокуниши густурдае дучор шуд. Зодагони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва водии Язгулом, ки аксаран дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ норизоиятии худро пинҳон намекарданд.

Сокини ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз, ки Давлатзод намояндаи вай дар маҷлиси ВМКБ аст, аз баёнияи ӯ изҳори тааҷҷуб мекунад. “Чунин баёния ба ҳеч яке аз сокинони ҷамоати Нулванд мувофиқа нашудааст. Дарвоз 24 ҳазор ҷамъият дорад ва як вакил наметавонад, аз номи ҳамаи онҳо сухан бигӯяд,” – гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ бо шарти фош нашудани номаш.

Радиои Озодӣ инчунин бо сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ва Роштқалъаи ВМКБ тамос гирифт. Се ҳамсуҳбати мо тасдиқ карданд, ки суханронии Давлатзодро аз телевизион дидаанд ва барояшон ғайричашмдошт набуд. Ба гуфтаи онҳо, дар як моҳи гузашта даҳҳо мансабдори сатҳи вилоят ва минтақа аз тариқи телевизиони “Бадахшон” эътирозҳои 25-28-уми ноябрро маҳкум мекунанд ва “суханронии Давлатзод низ идомаи ҳамин корзор аст”.

Азбаски маҷлисҳои вилоятӣ дар тӯли солҳои охир амалан ҳаргиз ба гунаи мустақил ҳеч навъ ибтикоре, ки он бо мавқеи ҳукумати иҷроия ҳамхонӣ надошта бошад, нишон надодаанд, коршиносони мустақил баёнияи Давлатзодро зидду нақиз баҳоргузорӣ мекунанд.

Назари шахсӣ?

Парвиз Муллоҷонов

“Ин танҳо назари як вакили вилоятӣ аст. Ман ба он аҳамияти зиёде қоил нестам. Аз сӯи дигар суханронии ӯро метавон ҳамчун василаи фишор ба роҳбарон ва иштирокдорони эътирозҳои Хоруғ донист. Ба назари ман, баъид аст, ки масъулони давлат роҳи ин равандро ҳамвор кунанд, вагарна он аз ҳамаи телевизионҳои миллӣ пахш мешуд. Ман фикр мекунам, ҳукумат пайомади даст задан ба чунин иқдомро дар кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро таҷриба кардааст, хуб медонанд,” -- мегӯяд сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов.

Ин коршинос зикр кард, ки амалан дар ҳар ҷамоати Тоҷикистон мушкилиҳои идорӣ ва пайванд бо заминро метавон пайдо кард. “Агар барои чунин баёнияҳо фурсат дода шавад, назорати авзоъ аз даст хоҳад рафт,” – афзуд ӯ.

Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва Хатлон, 17 шаҳр, 62 ноҳия (бо шумули 13 ноҳияи тобеи марказ), 55 шаҳрак ва 368 ҷамоат иборат аст.

Таъсиси вилояти нав аз ҳисоби ҳудуди ВМКБ?

Маҳдӣ Собир, корманди собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, лағв ё бекор кардани худмухтории ВМКБ солҳост, ки мавзӯи доираҳои бастаи ҳукумат аст.

Маҳдӣ Собир

“Чандин сол қабл ба ҳамаи кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфта шуд, ки назари худро дар мавриди лағви худмухтории ВМКБ дар миён гузоранд. Яке аз хулосаҳо таъсиси дубораи вилояти Ғарм бо ворид кардани ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва водии Язгулом буд. Пешниҳоди дигар дохил кардани ин ноҳияҳо ба Кӯлоб буд, чунки онҳо бо Ғарм роҳ надоранд. Дар сурати идома ёфтани бесуботӣ, мумкин аст, ин ноҳияҳо ба Кӯлоб дода шаванд, ки Данғара маркази он хоҳад буд. Вилояти Қӯрғонтеппа бо маркази худ шаҳри Бохтар таъсис хоҳад ёфт,” -- ҳадс мезанад Маҳдӣ Собир.

Мақоми ВМКБ дар моддаи ҳафтуми Конститутсяи Тоҷикистон зикр шудааст. Бар асоси моддаи 100-и Конститутсия тамомияти арзии давлат тағйирнаёбанда хоҳад монд.

Ба ҷуз ин, тибқи қонун “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйир додани тамомияти арзии ВМКБ наметавонад ба раъйпурсӣ гузошта шавад.

Кӯшиши аввал нест”

Аммо, ба гуфтаи сиёсатмадори мухолиф ва зодаи ВМКБ Алим Шерзамонов, ин аввалин талоши мақомот барои бозӣ бо қартаи худмухторӣ нест.

Алим Шерзамонов

“Ҳанӯз аввали солҳои 90-ум ҳангоми эътирозҳои шаҳри Хоруғ бо ҳадафи нерӯмандии худмухтории вилоят чунин вакилони ноҳиявӣ бо хориҷ шудан аз ҳайати вилоят таҳдид мекарданд. Мақомот соли 2008 ғайриқонунӣ ҳашт деҳаро аз ҳайати ВМКБ берун карда, ба ноҳияи Тавилдара дохил карданд,” -- мегӯяд Шерзамонов. Ба қавли ӯ “чунин иқдомот аз сӯи марказ дар дарозмуддат метавонад байни минтақаҳо ихтилоф эҷод кунад, ки ҳатман пайомадҳое хоҳад дошт”.

Ҳукумати марказӣ ва раиси ВМКБ, ки раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ низ аст, ба ҳеч ваҷҳ ба шарҳ додани баёнияи Давлатзод ҳозир нашуданд.

ВМКБ кулли қисмати шарқии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва бо масоҳати бештар аз 64 ҳазор метри мураббаъ бузургтарин минтақаи кишвар мебошад. Тибқи омори аввали соли 2021, аҳолии вилоят ҳудуди 250 ҳазор нафар будааст. Бештари сокинони ВМКБ бо забонҳои эронии шарқӣ (гуруҳи забонҳои помирӣ) гуфтугӯ мекунанд ва пайрави мазҳаби исмоилӣ (яке аз шохаҳои шиа) мебошанд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Афғонистон, Чин ва Қирғизистон ҳамсарҳад аст.