Пиряхҳои кӯҳҳои Ҳимолой тақрибан 25 дар сади аҳолии ҷаҳонро бо об таъмин мекунанд, вале ақибнишиниву обшавии онҳо ба ҳадди тарсноке суръат гирифтааст. Аз ин сабаб нигаронӣ зиёд аст, ки дар сурати гармтар шудани ҳаво ва идомаи ин вазъ мардуми зиёде аз манбаи асосии зиндагӣ, яъне об маҳрум мешаванд.
Таҳқиқоти моҳвораӣ нишон додааст, ки аз соли 1980 то кунун 5 пиряхи Ҳимолой тақрибан аз байн рафтаанд. Гармоиши курраи Замин, ба гуфтаи пажуҳишгарон, айни таъсирро ба садҳо пирях дар минтақа доштааст.
Шакил Аҳмад Рамшо, профессор аз Идораи улуми табиӣ мегӯяд, “ҳар сол вақте мераведу як пиряхро мебинед, ба ҳадди миёна тақрибан як метр бориктар мешавад. Ҳамин вазъи обшавии пиряхҳо дар минтақаи Ҷамму ва Кашмирро нишон медиҳад.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Тағйири иқлим метавонад, онҳоро ба зидди ҳам бишӯронад"Дар кӯҳҳои Ҳимолой, аз ҷумла дар ҳарду минтақаи вилояти Кашмири зери назорати Ҳинду Покистон 14 ҳазор пиряхи хурду бузург сабт шудааст. Бузургтарин пиряхҳо дар шимолушарқи Ҳинд ва Афғонистон ҳастанд.
“Пиряхҳо ончунон тез об мешаванд, ки наметавонем тахмин кунем, то кай давом меоранд. Мо ҳатто тахмин карда наметавонем, ки аз 5 то 20 соли оянда чӣ қадар об ба поён ҷорӣ мешавад. Бинобар ин агар ин раванд идома пайдо кунад, мо метавонем, шоҳиди ихтилофоту даргирӣ байни Покистону Ҳинд барои об шавем,” – мегӯяд Говинд Сингҳ, доктори улуми муҳити зистӣ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ақибнишиниву кам шудани пиряхҳо аз ҳоло ба соҳаи кишоварзӣ асари бад гузоштааст. Кишоварзони Кашмири таҳти контроли Ҳинд, аз кишти шолӣ даст кашида, ба парвариши себ гузаштаанд.
Собир Аҳмад дар Кашмир кишоварзӣ мекунад. Ӯ гуфт: “Мушкили обёрии замин дорем. Зироатҳоямон дуруст намесабзанд, олудагӣ зиёд шудааст. Дар кӯҳҳо барф буд, вале об шуда мераванд. Ҳосили шолиамон 50 дар сад талаф ёфт.”
Кишоварзӣ як манбаи даромади аслии мардуми зиёде дар Ҳинду Покистон аст ва ду тараф дер боз дар масъалаи тақсими об аксар вақт ихтилофи назар доранд. Ба гуфтаи коршиносон, бухору нобуд шудани пиряхҳо ин ихтилофҳоро зиёдтар хоҳад кард.
Ба назари Говинд Сингҳ, доктори улуми муҳити зистӣ, “агар ду кишвар муноқишаро бас накунанд, на танҳо баҳсу даъво зиёд мешавад, балки аз назари таъмини об мушкил пайдо мекунанд. Ба фикри ман, мо ба нуқтае расидаем, ки ду кишвар бояд на танҳо муноқиша дар заминаи масоили ҳуқуқиву ахлоқӣ, балки муноқиша дар заминаи зистмуҳитиро бас кунанд.”
Осиёи Ҷанубӣ яке аз минтақаҳои бисёр осебпазир дар баробари тағйири иқлим аст. Агар барои пешгирӣ аз ин гармоиш коре карда нашавад, ба тахмини пажуҳишгарон, камии об, хушксолӣ ва боло рафтани сатҳи баҳрҳо 60 миллион нафарро дар Осиёи Ҷанубӣ бехонумон мекунад.