Занон дар бозори Мазори Шариф дар интизори як бурда нон ҳастанд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Фақат барои як луқма нон истодаем"

Дар Афғонистон, ки баъди омадани Толибон ба қудрат аҳволи иқтисоди кишвар бадтар гашт, мардуми зиёд ва бахусус занони танҳо муҳтоҷи як бурда нон шудаанд.

Баръакси муассисаҳои давлатӣ, ҳоло дар бозорҳои Афғонистон занонро бештар мебинед, ки на барои кор, балки фурӯхтани чизу чораи хонаашон омадаанд, то луқмаи ноне барои фарзандонашон дошта бошанд.

Фақат барои як луқма нон истодаем, ки зимистон барояд, фирор кунем, биравем аз инҷо

Дар бозори Мазори Шариф, шаҳре дар наздикии марз бо Тоҷикистон, даҳҳо зан барои пайдо кардани луқмаи нон ҷамъ шудаанд. Теъдоди занон дар инҷо баъд аз омадани Толибон ба қудрат ва табоҳ гаштани аҳволи иқтисоди Афғонистон зиёдтар шуд. Баъзеҳо на ҷойи кор доранду на манбаи даромад, аз ин рӯ ончиро, ки дар хона доранд, мефурӯшанд.

Амина Шафӣ, мудири собиқи мактаб дар бозори Мазори Шариф мегӯяд, "чизҳои хонаро фурӯхтам, халос кардам. Ҳоло кӯҳнаву навро овардам, фурӯхта нишастам."

Толибон аксари занони афғонро аз ҳаққи таҳсилу кор маҳрум карданд ва аксарият дар дохили хонаву пушти дар мондаанд. Бештар аз дигарон ҳам таъми талхи аҳволи бади иқтисоди Афғонистонро мечашанд.

Фиребо Акбарёр, ҳомии ҳуқуқи занон вазъияти занҳоро хеле таассуфбор хонд. "Маъюсӣ ба авҷи худ расидааст ва занҳо кадом умеде надоранд, кадом боваре надоранд, то дигарбора ба мубориза истод шаванду дигарбора ҳаракат кунанд. Бо онки ҳаракатҳои худҷӯши занҳо идома дорад, вале мутаасифона дастоварде надоштаанд.",--гуфт ӯ.

Манзури Фиребо Акбарёр тазоҳуроти занони афғон аст, ки дар шаҳрҳои гуногуни Афғонистон ба кӯчаҳо мерезанду аз Толибон мехоҳанд, ҳаққи кору таҳсил ба онҳоро баргардонанд.

Бозори Робияи Балхӣ дар Мазори Шариф махсус барои занон аст. Пандемияи коронавирус корашро суст карда буд, аммо бо омадани Толибон ба қудрат якбора холӣ шуд.

Ҳабиба Аминӣ, коргузори бозори Робияи Балхӣ гуфт, "пеш аз куруно кори бозор хуб буд. Дӯкондорҳо ҳам меомаданд, бо як алоқамандӣ дӯкондориашонро оғоз мекарданд, баъд аз ӯ камтар шуда рафт, баъд аз инки ин таҳаввулот омад, кор камрангтар шуд."

Созмони Милал мегӯяд, ки Афғонистон дар рӯ ба рӯи як фалокати башарӣ қарор дорад ва бо наздик омадани зимистон аҳволи мардум, бахусус занон бадтар мешавад.

"Дар сурате, ки агар марду зан нафақаи оиларо бар дӯш дорад, пас 50 ба 50 аст ва занон зиёд эҳсоси масъулият намекунанд. Бештар сабуктару роҳаттар ҳастанд. Дар сурате, ки агар ин масъулият сад фисад бар дӯши занон меафтад, вазъият хеле риққатбор аст ва модар чӣ қисм саъй кунад, ки фарзандонаш аз гуруснагӣ ҷон медиҳанд.",--гуфт Фиребо Акбарёр, ҳомии ҳуқуқи занон.

Аммо дар инҷо дар бозори Мазори Шариф Амина Шафӣ ноумеду нигарон аст ва тамоми умедашро аз ояндаи худ дар Афғонистон аз даст додааст: "Умеди мо аз инҷо халос аст. Ҳеч умеде надорем, ки инҷо дуруст шавад. Фақат барои як луқма нон истодаем, ки зимистон барояд, фирор кунем, биравем аз инҷо."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ҳиҷоб пӯшед", "таҳқир накунед". Дастурҳои нави "Толибон" дар Афғонистон"Вақти гадоӣ баъзе кӯдаконро мошин зад". ВИДЕОРафтани занони афғон ба беморхона бе марди маҳрам манъ шуд