Рустами Эмомалӣ дар бархе маҳаллаҳои Душанбе чорводориро иҷозат дод

Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе.

Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе, чорводориро дар баъзе аз минтақаҳо, ки ахиран аз қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ба пойтахт пайвастанд, барои ду соли оянда иҷозат дод.

Соли 2019 порлумони Тоҷикистон парвариши чорво дар ҳудуди Душанберо манъ карда буд. Сокинони маҳаллаҳои атрофи пойтахт борҳо аз манъи парвариши чорво шикоят карда буданд.

Дар қарори шаҳрдорӣ гуфта шудааст, ки ба хотири таъмини бозори пойтахт бо маҳсулоти гӯштиву ширӣ, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти аввалия, муввақатан парвариши чорво иҷозат дода мешавад.

Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи вакилони пойтахт гуфтааст, "аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз ҳафтуним ҳазор гектар замин ва 70 маҳалла ба қаламрави пойтахт ворид гардиданд, ки дар аксарияти хоҷагиҳо чорво парвариш карда мешавад."

Мувофиқи қонун, сокинони шаҳри Душанбе ба истиснои гурбаву саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ наметавонанд, дар манзилҳои худ чорво ва дигар ҳайвоноти хонагиро нигаҳ доранд. Барои вайрон кардани ин қонун ҷарима пешбинӣ шудааст.

Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз соли 2017 раиси шаҳри Душанбе аст. Гоҳ-гоҳ аз номи ӯ тасмимгириҳое дар ин ё он масъала нашр мешавад, вале ҳеҷ гоҳ ӯ дар миёни мардум дида нашудааст. Суханронии мустақилона низ аз ӯ нашр нашудааст. Бархе аз ҳамкоронаш мегӯянд, ки дар аксар ҷаласаҳои шаҳрдорӣ ҳузур надорад. Аз ин рӯ, мухолифон мегӯянд, ба ҷойи ӯ дигарон кор мекунанд ва ӯ танҳо бо ном вазифаеро бар душ дорад. Ба гуфтаи мухолифон, тасмимҳое ба монанди иҷозаи чорводорӣ дар бархе маҳаллаҳои Душанбе ба хотири аз ӯ як чеҳраи наздик ба мардум нишон додан гирифта шудааст.

Тибқи қонун "Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон" афроде, ки дар ҳавлӣ чорво парвариш мекунанд, аз 500 то 1000 сомонӣ ҷарима мешаванд. Дар чанд соли ахир ҳадди ақал чанд мавриди ҷарима шудани сокинони Душанбе барои парвариши гову гӯсфанду хар ва нигоҳ доштани мурғ дар хона расонаӣ шуда буд.