Попи Рум, Елизавета ва Байден - омодагиҳо ба ҷашни Милоди Масеҳ идома дорад

Попи Рум Франсиск раҳбари католикҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Рӯзи 25 декабр католикҳову бархе дигар гурӯҳҳои масеҳиён Милоди масеҳро таҷлил мекунанд. Масеҳиёни православӣ 7 январ ҷашн мекунанд

Попи Рум Франсиск рӯзи 25 декабр аз балкони Петри муқаддас дар Ватикан Милоди Масеҳро табрик мекунад ва интизор меравад, ки маликаи Бритониё Елизаветаи II бо нахустин муроҷиати телевизиониаш баъди марги ҳамсараш баромад мекунад. Зоҳиран мавзӯи пандемия, ки дар давоми ду соли охир беш аз 5,3 миллион нафарро куштааст ва ҳоло ҳам дар як марҳилаи бисёр сангине қарор дорад, яке аз мавзӯъҳои асосии суханрониҳои онҳо хоҳад буд. Суханронии табрикии Попи Рум нисфирӯзӣ ба вақти Итолиё садо медиҳад ва шом ӯ дар сари дастурхони идона ҳозир хоҳад шуд. Ҳарорати ҳар як намозгузоре, ки барои шунидани суханҳои Поп Франсиск ҷамъ мешавад, санҷида хоҳад шуд ва аз ҳозирин тақозо мешавад, ки фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд. Дар суханронии порсолааш Попи Рум хост, ки дастрасӣ ба воксинаи зидди коронавирус барои ҳама эҳтиёҷмандон таъмин шавад. Ӯ соли гузашта бӯҳрони пандемияро “як давраи зулмот ва номуайянӣ” номида буд.

Табрики идонаи Елизаветаи 2 дар соли 2020

Дар Лондон ҳам Малика Елизавета ба табрикоташ омода мешавад. Ин як расми ҳамасола буда, ҳамчун паём ба мардум ҳам арзёбӣ мешавад.

Дар аксе, ки қасри Виндзор нашр кардааст, малика Елизавета ва ҳамсари марҳумаш Филипп даст ба дасти ҳамдигар дар пасманзари арчаи солинавӣ истодаанд.

Дар суханронии порсолааш Елизавета талошҳои донишмандонро дар амри эҷоди воксинаи зидди коронавирус ситоиш карда буд.

Дар ИМА президент Ҷо Байден нахустин ҷашни Милоди Масеҳи худро дар Кохи Сафед дар дохили утоқи кориаш таҷлил мекунад. Дар дохили ин бино баъди пандемия маъракаву таҷаммӯъҳои ҷамъиятӣ фавқулодда кам шуд. Як сухангӯи ҳамсари президенти Амрико гуфт, “мутаассифона, мо меҳмони зиёдро даъват карда наметавонем ва бояд қоидаҳои марбут ба пандемияро ҷиддан риоя кунем”.