Рӯзи 28 декабр қарор аст дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) барпо шавад. Ба навиштани Кремл, дар ин ҷаласа, ки бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад, раиси ҷумҳуриҳои Озарбойҷон Илҳом Алиев, Беларус – Александр Лукашенко, Қазоқистон – Қосимҷомарт Тоқаев, инчунин президенти аввалини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян, президентони Қирғизистон Содир Ҷабборов, Туркманистон – Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Узбекистон - Шавкат Мирзиёев иштирок хоҳанд кард. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба ин нишаст меравад, вале ҳанӯз хабаргузориҳои расмии Тоҷикистон дар ин бора иттилое нашр накардаанд.
Даъвати раҳбарони кишварҳои узви ИДМ пеш аз соли нав ба Маскав як одати деринаи президенти Русия Владимир Путин аст, ки дар ин созмони сиёсӣ нақши аввал мебозад. ИДМ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуда, ба қавли таҳлилгарон, ба узвияташ он ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дохил мешаванд, ки бо Маскав ва Кремлин ҳамкориву шарикии стратегӣ доранд.