Мақомоти вилояти Балкани Туркманистон маҳдудиятҳои марбут ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирусро сахттар карданд. Яке аз табибони вилоят ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, маҳдудиятҳо баъди ошкоршавии намуди нави коронавирус - "омикрон" дар туркманистониҳое, ки аз Қазоқистон омадаанд, сахттар шудааст.
"Дар чаҳор шаҳрванди Туркманистон, ки аз Қазоқистон омадаанд ва дар минтақаи карантини Бекдаш нигаҳдорӣ мешаванд, "омикрон" ошкор шудааст", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи табиб, як гузаргоҳи марзии Туркманистон ва Қазоқистон ҳудуди ду ҳафта пеш боз буд ва туркманистониҳое, ки дар Қазоқистон дармонда буданд, иҷозат шуд, то ба ватан баргарданд. Манбаъ афзуд, ки гузаргоҳ баъди ошкоршавии "омикрон" дубора баста шуд.