Хабари афзоиши ҳаққи хизматрасониҳои ширкати IRS мутассаддии нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ, ронандаҳои мошинҳои мусофирбарро нигарон кардааст.
Ширкат рӯзи 22-уми декабр зимни як баёнияи расмӣ, гуфт, ҳукумат пешниҳоди онҳоро барои боло бурдани нархи хизматрасонӣ қабул кардааст ва он аз 1-уми январи соли 2022 ба иҷро медарояд. Намояндагони ширкат мегӯянд, чунин тасмим дар мувофиқа ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ сурат гирифта ва барои афзоиши ҳаққи хидматрасонӣ сабаб доранд. Ронандаҳо бар инанд, ки афзоиши қимат мушкили онҳоро бештар мекунад.
Беҳрӯз Файзов, ронандаи мусофирбари роҳи Душанбе-Хуҷанд, рӯзи 23-юми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "агар IRS маблағи ҳаракат дар роҳро гарон кунад, мо низ маҷбурем, роҳкироро барои мусофирон боло барем".
Ӯ афзуд: "Масалан, аз ҳамин ҷо то Хуҷанд 55 сомонӣ пули тарозу мешавад, боз мегӯянд, аз якуми январ қимат мешавад. Ба мо душвор мешавад, мусофирон меоянд, роҳкироро 200 сомонӣ мегӯем, намефаҳманд моро, бубинед, сӯзишворӣ ҳам қимат шудааст, баъди боло рафтани нархи тарозуҳо, агар қимат накунем, дуруст намегирад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе ронандаҳо таъкид карданд, ки сифати роҳ дар муқоиса бо солҳои пеш беҳтар шудааст ва онҳо низ корҳои IRS-ро мебинанд, вале гаронии нархномаҳо ташвишовар аст. Ҳоҷимирзо Юнусов, ронандаи самти Душанбе-Хуҷанд, афзуд, ки "солҳои пеш азобе, ки дар ин ҷо буд дар ягон ҷо набуд, ҳозир шукри Худо ҳамааш хуб аст, лекин қимат шуд. Ба мо фарқ надорад, нархро мебардорем, барои халқи бечора вазнин мешавад".
Ронандаҳо мехоҳанд, масъалаи афзоиши нархи хизматрасониҳои IRS бозбинӣ ва ё хароҷоти дигари онҳо барои мусофиркашонӣ кам карда шаванд.
Суҳроб Кучаков, ронандаи мусофиркаши ин роҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, пардохти пули андозу иҷозатномаи кор барояш осон нест: "Пули "путёвка" месупорем, "патент" месупорем, ҳама ин хароҷотро мо ҳисоб кунем, барои мо ҳеҷ чиз намемонад, дигар ин ки роҳ пулакӣ шудааст, бояд нозирони роҳ кам шаванд охир, бисёр ғамамон надиҳанд."
Дар нархномаи ширкати IRS ё Инновейтив Роуд Солюшнз, афзоиши нархҳо аз 50 то 70 дар сад пешбинӣ шудааст. Аз намояндагони ширкат касе ҳозир нашуд, дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ суҳбат кунанд. Онҳо гуфтанд, ки мавқеи расмии онҳоро метавон, аз хабарномаи расмияшон дарёфт кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Танқиди се моҳ пеш ва ситоиши ҳозираи вазир аз IRS баёнгари чист?Дар баёния далели афзоиши нархи хизматрасониро ба боло рафтани қиматҳо дар саросари ҷаҳон рабт дода, гуфтаанд, буҳронҳои иқтисодӣ дар баробари дигар субъектҳо, ба фаъолияти ширкат низ таъсири манфӣ расонидааст. Ширкат гуфтааст, ки тамоми техникаву таҷҳизотро аз хориҷ бо доллари амрикоӣ мехарад ва беқурб шудани пули миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ вазъро дигар кардааст ва ширкат маоши беш аз 800 корманди худро боло бурда наметавонад.
Бархе иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки афзоиши нархҳо аз сӯи ширкати IRS, на танҳо ба ронандаву мусофирон, балки ба табодули молу коло, афзоиши нархи молу маҳсулот дар бозорҳои Душанбе таъсир мегузорад.
Фозилҷон Фатҳуллоев, иқтисоддони тоҷик, рӯзи 23-юми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тарофаҳои ширкат барои мошинҳои боркаш дар муқоиса ба сабукравҳо гаронтар аст ва боло бурдани чунин тарофаҳо табиист, ки ба нархи маҳсулоте, ки тариқи мошинҳои бузург интиқол меёбад, гарон хоҳад шуд: "Аз вилояти Суғд пиёзу картошка, ё ин ки масолеҳи сохтмонӣ оварда, дар пойтахт мефурӯшанд, ба назари ман баъди боло бурдани тарофаҳо шояд нарх то 30 фоиз боло равад".
Масъулони ширкати IRS ин иддаоҳоро дар гузашта борҳо рад карда ва гуфтаанд, ки баръакс бо беҳтар кардани шароити роҳ, гардиши мол низ афзоиш ёфтааст. Ширкати IRS, ки мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ аст, соли 2009 дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст.
Моликони асосии ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест ва чунин норушанӣ борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Мунтақидон мегӯянд, ширкате, ки соҳибаш маълум нест, аз ҳама имтиёзҳо бархурдор аст ва пули мардумро муфт ба ҷайб мезанад.
Масъулони ширкат иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, роҳро дар чор фасли сол таъмиру нигоҳубин мекунанд ва маҳз кори онҳост, ки дар фасли сармо рафтуо аз марказ ба шимоли кишвар осон аст. Роҳи мумфаршу васеи Душанбе-Чаноқ бо 281 миллион доллар қарзи Чин сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.