Қатъи интернет дар Бадахшон низоми кору зиндагиро ба ҳам задааст

Шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Тақрибан тӯли як моҳ аст, ки дар бештари ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мардум ба интернет дастрасӣ надоранд.

Сокинони ин вилоят аз он шикоят мекунанд, ки қатъ шудани интернет шароити зиндагии онҳоро боз ҳам вазнинтар кардааст. Мақомот аз шарҳ додани вазъият худдорӣ мекунанд.

Дастрасӣ ба интернет паз аз эътирозҳои 25-28-уми ноябр дар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар ҷараёни амалиёт ниҳодҳои қудратӣ қатъ шуд. Бо гузашти як моҳ аз ин қазия интернет ҳанӯз ҳам масдуд аст, ки мустақиман ба иқтисоди мардум ва дар кулл минтақа таъсир гузоштааст.

Гилаҳо мардум

Шодӣ, сокини деҳаи Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон, воқеъ дар садкилометрии шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Бадахшон мебошад. Тақрибан як моҳ ба далели қатъи интернет наметавонад пулашро аз корти бонкиаш бигирад. “Барои гирифтани 200 сомонӣ лозим шуд, ки ба шаҳри Хоруғ равам. 70 сомониро харҷи роҳ кардам. Ғайр аз ин, барои гаштугузор дар шаҳр ва ғизову масрафҳои дигар 150 додам то 200 сомониямро бигирам”,--мегӯяд Шодӣ. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди зиёде аз дӯстону наздиконаш низ бо мушкили гирифтан ва фиристодани пул ба фарзандонашон, ки берун аз вилоят таҳсил мекунанд, мувоҷеҳ шудаанд.

Нилуфар, хатмкунандаи яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Хоруғ, мехоҳад аз тариқи бурсияи “Россотрудничество” ба яке аз донишгоҳҳои Русия дохил шавад. “Барои сабтином кардан дар сомона ва супурдани аснод маро лозим шуд, ки ба Душанбе равам. Барои тай кардани 1500 километр роҳ ва масрафҳои иқомат дар Душанбе 250 доллар харҷ кардам. Волидайни ман кор мекунанд ва тавони пардохти ин маблағро доштанд. Аммо, одамоне ҳастанд, ки чунин имконияти молӣ надоштанд ва нарафтанд”,--мегӯяд Нилуфар.

Ошурбек, як сокини ноҳияи Роштқаъла, дар ҷараёни ҳаводиси ахир гирифтори фишор шуда, дар шифохонаи Хоруғ бистарӣ гардид. Фарзанди ӯ Нозим, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, мегӯяд, танҳо бо гузашти ду шабонарӯз тавонист ташхиси тиббии падарашро ба духтур нишон бидиҳад. “Дар асри 21 барои дарёфти акси ташхиси тиббӣ лозим омад то 2 рӯз мунтазир бимонам. Дар ин муддат эҳтимоли бад шудани ҳолати падарам зиёд буд”,--мегӯяд Нозим.

Ваъдаи иҷронашуда

Эътироз дар Хоруғ

Барқарор кардани дастрасӣ ба интернет бахше аз созишномаи ҳукумат бо эътирозгарон буд, ки 25-уми ноябр дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҷамъ шуданд. Қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29 солаи ноҳияи Роштқалъа, дар пайи амалиёти кормандони ниҳодҳои қудратӣ сабаби эътирози мардум гардид. Мӯътаризон талабгори пайдо ва муҷозоти омилони қатли Гулбиддин шуданд. Пас аз он, ки мақомоти маҳаллӣ ваъдаи иҷро кардани тақозои мӯътаризонро дод, онҳо дар поёни рӯзи 28-уми ноябр майдонро тарк карданд.

Мақомот ваъда доданд, ки дар сурати поён додан ба эътироз онҳо дастрасӣ ба интернетро барқарор ва омилони қатли Гулбиддинро муҷозот карда, аз таъқиби майдоннишинон худдорӣ мекунанд. Аммо, ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба ҷуз аз тафтишоти қатли Гулбиддин дигар ҳеч яке аз талаботҳои онҳо иҷро нашудаанд. Яке аз намояндагони ҷомеаи шарҳвандӣ дар ВМКБ ба шарти ифшо нашудани номаш 20-ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти қудратӣ дар ҷавоб ба барқарор кардани интернет гуфтаанд, ки эҳтимоли роҳ ёфтани наворҳои номатлуб ба интерент зиёд аст ва метавонанд вазъияти вилоятро печидатар созад. Мақомоти вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳеч ваҷҳ ҳозир ба шарҳ додани авзоъ нестанд. Талошҳои суҳбат бо мақомоти ВМКБ номуваффақ анҷомид.

Бо ин ҳол, манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми декабр аз дастрасии бархе аз муасиссаҳои ВМКБ ба интернет хабар доданд. Ғайр аз ин, сокинони навоҳии Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоби ВМКБ дастрасӣ ба интернет бо суръати сустро таъйид карданд.

Хисорот ба тиҷорат ва давлат

Пойгоҳи хабарии “Pamir Daily News”, ки рӯйдодҳои ВМКБ-ро пӯшиш медиҳад, дар як матлаби таҳлили худ дар мавриди вазъияти ВМКБ навиштааст, ки дастрасии маҳдуд ба интернет ба тамоми бахшҳои истеҳсолӣ таъсир расонидааст: ба умури бонкӣ, гузоришдиҳии хадамоти андоз, ширкатҳои мухобиротӣ, фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ширкатҳои фанновариҳои иттилоотӣ (IT), ки бо фармоиши хориҷӣ кор мекунанд ва ғайра. “Тасаввур кунед, ки қатъ кардани интернет ба иқтисоди вилоят чӣ қадар хисорот ворид кардааст. Вилоят амалан фалаҷ шудааст. Садамае, ки ба обрӯ ва эътибор расидааст, ҷуброннопазир аст. Фазои сармоягузорӣ барои чандин соли оянда халалдор шуд, чунки баррасии бисёре аз барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба муддати номуайян ба таъвиқ афтод ва ё ҳам куллан лағв шуданд”,--гуфт мешавад дар матлаб.

Арзёбии ҳуқуқӣ

Дар ҳоле, ки мақомот барои шарҳи қатъи интернет дар ВМКБ ҳозир нестанд, коршиносони мустақил чунин тасмимро ғайриқонунӣ мегӯянд. Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқ мегӯяд, масдуд кардани интернет ба унвони дастоварди замони муосир ва манбаи алтернативии хабар хилофи усули ахлоқӣ ва қонунӣ мебошад. “Аз назари қонуни бидуни тасвиби санади мувофиқ аз сӯи парлумон, раиси ҷумҳур ва ниҳодҳои дигари зидахл, масдуд кардани интернет дар ВМКБ бояд оқибатҳое дар пай дошта бошад ва мақомот бояд ба он вокуниш нишод бидиҳад”,--мегӯяд Ҳакимов.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мушкили интернет дар Бадахшон. "Дар баъзе идораҳо ҳаст, аммо сокинон надоранд"

Тибқи Қатъномаи СММ аз 27-уми ноябри соли 2016 дастрасӣ ба интернет ба ҳуқуқи бунёдии инсон баробар аст. Ин санад хусусияти машваратӣ дорад ва ҳамзамон масдуд кардани интернетро аз он ҷумла аз сӯи ҳукумат мамнӯъ кардааст.

Тоҷикистон дар раддабандии Шохис ва сифати рақамӣ (DQL) дар соли 2021 аз байни 110 кишвар мақоми 104-умро касб кардааст. Тибқи ин тадқиқот Тоҷикистон дар арсаи дастрасӣ ба интернет дар ҷойи 80, дар заминаи амнияти электронӣ дар ҷойи 93 ва дар самти ҳукумати электронӣ дар ҷойи 105-ум қарор дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷасади Зиёбековро барои ташхис аз гӯр берун кардаандФаъолони Бадахшон ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардандФаъолони Бадахшон шарҳи якҷонибаи "марги Гулбиддин"-ро нодуруст медонанд РКД: Дар ҳодисаҳои Хоруғ 12 маъмури интизомӣ захмӣ шудаанд"Гулбиддин Зиёбеков силоҳ дошт ё не?" Ба таҳқиқи рӯйдодҳои Бадахшон шуруъ кардандЧаро Бадахшон? Баҳси Додоҷони Атовулло ва Сайфулло Сафаров дар Гапи Озод. ВИДЕО