Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз низоми бонкӣ дар кишвар интиқод кард ва гуфт, ҳоло ҳам дар пешниҳоди қарзҳои дарозмуддату дастрас мушкилиҳои зиёд вуҷуд дорад. Ӯ аз масъулини Бонки миллӣ ва "Амонатбонк" хост, ки ин мушкилро ҳал кунад. Оқои Раҳмон ҳамчунин аз масъулин хост, "сабукиҳои дар Кодекси андоз пешбинишуда"-ро ба мардум фаҳмонанд, зеро ба гуфтаи ӯ, на ҳама соҳибкорон аз имтиёҳо бохабар аст, андоз аз 10 то 7 номгуй кам шудаанд, меёъри чанде аз онҳо кам шудааст".
Моҳи ноябри имсол дар Тоҷикистон, пас аз моҳҳо баҳсу баррасӣ, Кодекси нави андозро қабул шуд. Мақомот гуфтанд, ки шумораи молиёт (андоз)-ро аз 10 ба 7 намуд поин оварда, ба соҳибкорону мардум сабукӣ доданд. Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон ҳеч сабукӣ дар бахши андоз ба соҳибкорон ёрӣ намекунад, "зеро андоз тибқи нақшаи аз пеш муайяншуда ҷамъоварӣ мешавад".