Русия мегӯяд, аз панҷ зодаи Тоҷикистон 34 кг ҳероин мусодира шуд

Панҷ зодаи Тоҷикиcтон дар фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам мешаванд. Тибқи итиллои Додситони кулли Русия, парвандаи боздоштшудаҳоро, ки дар муомилоти ғайриқонунии ҳероин гумонбаранд, додгоҳи вилояти Маскав баррасӣ мекунад. Фурӯш тавассути махфигоҳҳо дар вилоятҳои гуногуни Русия, аз ҷумла дар шаҳру вилояти Маскав ва кишвари Ставропол ба роҳ монда шуда буд. Дар ҷараёни амалиёти тафтишотӣ кормандони пулис аз ин афрод беш аз 34 кило ҳероин дарёфту мусодира шудааст. Ба онҳо солҳои тулонии зиндон ваё ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.