Мадина Мамадҷонова, як ҷавонзани тоҷик, ки ҳудуди 4 моҳ қабл мавриди латукуби бераҳмона қарор гирифта буд ва шоми дирӯз дар беморхона фавтид, дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурда шуд.
Дар маросими ҷанозаи ӯ шуморе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Маросими ҷаноза дар манзили модараш баргузор шуд. Падари ӯ, ки дар Русия қарор дошт ва қарор буд ба маросими ҷанозаи духтараш бирасад, дар ин маросим дида нашуд.
Ба гуфтаи наздикони Мадина Мамадҷонова, ҷасади ӯро аз ташхиси судӣ-тиббӣ гузаронида ва сипас ба онҳо супурдаанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Яке аз афроди наздик ба ин парванда ба хабарнигорон гуфт, ки санади ташхиси судӣ-тиббии Мадина дар қабати парвандаи ӯ ҷой дода мешавад ва эҳтимоли бозбинии парванда дар назар аст.
Наздикони Мадина Мамадҷонова нахостанд дар ин робита суҳбат кунанд ва монеи наворбардории хабарнигорон шуданд.
Амон Қаробоев падари Мадина Мамадҷонова рӯзи 15-уми декабр, ки бо сахтӣ сӯҳбат мекарду гиря гулӯгираш карда буд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз шунидани хабари даргузашти духтараш бисёр андӯҳгин аст. Амон Қаробоев гуфт, барои рӯзи 16-уми декабр аз шаҳри Краснодари Русия билети парвоз гирифтааст.
Ӯ афзуд: "Танҳо нигарониам ин аст, ки то расидани ман ба Душанбе духтари азизамро ба хок насупоранд. Ҳавопаймо соатҳои 12 рӯз дар Душанбе фуруд меояд ва ман бисёр метарсам, ки рӯи духтарамро надида, ӯро ба хок месупоранд. Илтиҷо мекунам, ки то омадани ман интизор шаванд".
Ҳоло маълум нест, ки падар то куҷо ба маросими ҷанозаи духтараш расидааст.
Қаробоев, ки аз модари Мадина чандин сол пеш ҷудо шуда, дар Русия бо ҳамсари дуюмаш зиндагӣ мекунад, бо ишора ба қатъи робитаҳо бо модари Мадина гуфта буд, эҳтимоли ин ки ҷаноза бе ҳузури ӯ баргузор шавад, вуҷуд дорад.
Рӯзе 14-уми декабр Додгоҳи олии Тоҷикистон Парвиз Давлатов, ки бо Мадина Мамадҷонова робита дошт, ба 8 соли зиндон маҳкум кард, вале бар асоси Қонуни афв, ӯ 5 солу 2 моҳ бояд дар зиндон бимонад.
Мадина Муҳаммадҷоноваи 32-сола, ки моҳи августи имсол дар муноқишаи оилавӣ сахт латукуб шуд, то кунун дар ҳолати комаи сунъӣ дар бемористон буд. То ду моҳ касе барои осеб расондан ба ӯ ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Танҳо баъди муроҷиати фаъолони маданӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мақомот ба қазияи зоҳиран қасосгирии ҳамсар аз маъшуқаи шавҳар таваҷҷуҳ карданд.
Додситонӣ рӯзи 1-уми ноябр гуфт, ки ду гумонбар дар латукуб ҳамсарон Азизаву Парвиз Давлатовҳоро боздошт карданд. Айни замон муҳокимаи Азиза Давлатова идома дорад. Моҷаро сабаби аз мақом барканор кардани чанде аз кормандони Вазорати умури дохилӣ ва додситонӣ ҳам шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Як рӯз пас аз ҳукми Давлатов. Мадина Мамадҷонова даргузаштПарвиз Давлатов ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст. ВИДЕОГапи Озод: Чаро ба парвандаи латукӯби Мадина беэътиноӣ карданд? ВИДЕОИдомаи "Парвандаи Мадина". Муовини аввали додситони ноҳияи Сино низ барканор шуд"Қазияи Мадина". Сардори ШКД-и ноҳияи Синоро аз кор гирифтанд