Дар фурсатҳои наздик сокинони Узбекистон имкон пайдо мекунанд, ки дубора ба сафари ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ раванд. Рӯзи 14-уми декабр Идораи маънавии мусалмонҳои Узбекистон хабар дод, ки як ҳайати ин кишвар рӯзҳои 1-9 декабр барои ҳалли масъалаи сафари ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ рафтааст.
Идораи маънавии мусалмонҳои Узбекистон ҷузъиёти он сафарро шарҳ надодааст. Дар хабари расмӣ танҳо зикр шудааст, ки дар фурсатҳои наздик сокинони Узбекистон дубора имкон пайдо мекунанд, ки ба ҳаҷҷи умра раванд.
"Маълумот дар бораи муҳлати ҳаҷҷи умра, арзиши он ва воксингирӣ иловатан хабар дода мешавад", -омадааст дар хабар.
Дар ду соли охир, ба далели паҳншавии вабои коронавирус, мусалмонҳои тамоми дунё аз адои ҳаҷҷи фарзӣ ва умра маҳрум буданд.