Барои марги даҳ афғонистонӣ дар ИМА касеро ҷазо интизор нест

Шаҳри Кобул

Рӯзи душанбе вазорати мудофиаи ИМА гуфт, дар робита ба ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин дар шаҳри Кобул, ки ҳаёти камаш даҳ афғони мулкӣ, аз ҷумла ҳафт кӯдакро аз байн бурд, касе ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Муфаттиши кулли нерӯҳои ҳавоии ИМА ҳамлаи маргбори рӯзи 29-уми августро, ки ҳангоми кӯчонидани изтирории даҳҳо ҳазор нафар аз Афғонистон ба вуқӯъ пайваст, "хатои фоҷеабор"номид.

Тафтиш собит кардааст, ки ҳамла хилофи қонун набуда, аснои иҷрои он хато ҷой доштааст.

Сухангӯйи Вазорати мудофиаи ИМА Ҷон Кирбӣ мегӯяд, дар бораи ин ҳамла фармондеҳон ба вазири мудофиаи Ллойд Остин як идда машварат матраҳ намуданд, ки дар он ҳарфе оиди масъулияти афроди хос иброз нашудааст.

Ба қавли Кирбӣ Остин машраватҳоро қабул кардааст ва бо ҳамин қазия хотима ёфт.