Додситонии шаҳри Хуҷанд соҳиби дукони фуруши мурғкабоб дар ин шаҳҳро барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, ки боис ба заҳролуд шудани сокинон шудааст, айбдор кард.
Рӯзи 13-уми декабр дар пайи заҳролудшавии чанде аз сокинони вилояти Суғд ба дари ин дукон муҳр заданд. Ин дукон дар даромадгоҳи “Афғонбозор” қарор дорад ва дар пештоқаш “Пирожки Ленин 77” навишта шудааст. Даҳҳо заҳролудшударо дар беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ кардаанд.
Додситонии шаҳри Хуҷанд рӯзи 14-уми декабр дар хабарномае гуфтааст, ки Муҳсинҷон Тоҷибоев, соҳиби дукон “талаботи қонунгузории санитарию эпидемологиро дағалона вайрон намудааст."
Соҳиби дукон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири халал ворид накардан ба тафтишот мавзуро шарҳ намедиҳад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот гуфтаанд, ки зиммни таҳқиқ дар зарфҳое, ки мурғҳо барои кабоб омода мешуданд, "бактерияҳои “Эколӣ” ва дигар микрофлораҳои зараровар" пайдо шудааст. Ин навъи бактерия инсонро заҳролуд ва дарунрав месозад.
"Дар натиҷаи ин амали соҳибкор зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон баъди харидорӣ ва истеъмоли маҳсулоти дар ҳолати ғайрисанитарӣ пухташудаи гӯшти мурғи навъи “Грил” заҳролуд гашта, ба беморхонаҳои касалиҳои сироятии №4-и ноҳияи Б.Ғафуров бистарӣ гаштаанд.",--гуфтааст додситонии Хуҷанд.
Нисбат ба соҳиби дукон барои "вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст", парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Додситонӣ шумораи заҳролудшудагонро 20 нафар гуфтааст. Манбаъҳои Радиои Озодӣ аз Раёсати тандурустӣ мегӯянд, шумори заҳролудшудагон ба маротиб зиёданд ва ҳоло низ муроҷиати онҳо баррасӣ шуда истодааст. “Беморон узви беш аз 10 оила ҳастанд”,-- гуфт як манбаъ, ки зикри номашро зарур надонист.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Пас аз заҳролудшавии сокинон дукони фуруши мурғкабобро дар Хуҷанд бастанд