Дар пайи заҳролудшавии чанде аз сокинони вилояти Суғд ба дари як нуқтаи фуруши мурғкабоб дар шаҳри Хуҷанд муҳр задаанд.
Ин дукон дар даромадгоҳи “Афғонбозор” қарор дорад ва дар пештоқаш “Пирожки Ленин 77” навишта шудааст.
Ҳанӯз собит нашудааст, ки сокинон дар пайи истеъмоли маҳсулоти ин дукон заҳролуд шудаанд ва ё чизи дигар, вале бо далели гумонбарӣ аз маҳсулоти ин дукон онро то анҷоми тафтиш бастаанд.
Бинобар дар ҳолати карантинӣ қарор доштани беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд, аксари заҳролудшудагонро ба беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол додаанд.
Як манбаъ аз беморхонаи сироятии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар тасдиқи ин хабар гуфт, “ҳафтаи гузашта тақрибан 15 нафар беморро бо нишонаи заҳролудшавӣ, беҳолӣ, сардардӣ бистарӣ кардем, вале ҳоло вазъи ҳамаашон хуб аст”.
Мирзо Олимов, сокини шаҳри Хуҷанд як тан аз онҳоест, ки бо гумони заҳролудшавӣ бистарӣ шуда буд. Ӯ гуфт, ки сабаби бемориашро то ҳол намедонад. “Аз оилаи мо ҳамсарам ва баъд фарзандон дарунрав шуданд. Ман ҳам ҳолатам бад шуд. Дар беморхона табобат гирифтем, ҳоло дарунравиамон дуруст шуд, вале сарамон дард мекунад. Ҳеҷ кас барои табобат кӯмак накард”,--гуфт ӯ.
Аксари заҳролудшудагон узви як хонавода нестанд ва ҳафтаи гузашта дар мавридҳои ҷудогона пайиҳам ба ин ҳол дучор шудаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, беморон аз шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ будаанд. Чанде аз онҳо бо аризаи шикоятӣ ба Маркази беҳдоштиву санитарии Раёсати тандурустии вилояти Суғд муроҷиат карда, хоҳони таҳқиқи ин ҳолат шудаанд. Онҳо гуфтаанд, ки маҳз пас аз истеъмоли маҳсулоти ин дукон ба ин ҳол афтодаанд. Дари дуконро низ кормандони ин ниҳод бастаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи душанбеи 13-уми декабр ба идораи Маркази беҳдоштии вилояти Суғд рафт, вале бинобар дар ҳолати санҷиш қарор доштан ва халал нарасондан ба тафтишот, ба ӯ маълумот надоданд.
Ҷустуҷӯҳои мо маълум кард, ки ин дукон ба Муҳиддин Тоҷибоев, соҳибкори маҳаллӣ тааллуқ дорад. Тоҷибоев дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ ин ҳолатро тасдиқ кард, вале гуфт, “дар ин бора ҳеҷ чиз гуфта наметавонам”.
Дар ҳамин ҳол манбаъҳои мо аз Раёсати тандурустӣ мегӯянд, шумори заҳролудшудагон ба маротиб зиёданд ва ҳоло низ муроҷиати онҳо баррасӣ шуда истодааст. “Беморон узви беш аз 10 оила ҳастанд”,-- гуфт як манбаъ, ки зикри номашро зарур надонист.
Додситонии шаҳри Хуҷанд ин ҳодисаро таҳқиқ дорад.