Шоҳзода Карим Оқохони IV, роҳбари рӯҳонии 25 миллион исмоилиёни ҷаҳон имрӯз ба синни 85 мерасад. Дар робита бо ин сана Радиои Озодӣ талош мекунад ба саволҳои зерин посух ёбад:
Рисолати 30 солаи ӯ дар Тоҷикистон чӣ гуна будааст? Дар тӯли солҳои гузашта чӣ навъи робитае бо Тоҷикистон доштааст? Ҳукумати шахсиятмеҳвари Тоҷикистон чӣ гуна аз шахсияти Оқохон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ истифода мекунад?
Исмоилиёни ҷаҳон ҳамасола рӯзи мавлуди Шоҳзода Карим Оқохони IV, роҳбари руҳонии худро дар санаи 13-уми декабр ҷашн мегиранд. Ӯ имсол ба синни 85 мерасад. Шахсияти Оқохон барои Тоҷикистон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ҷамъияти беш аз дусадҳазор нафараи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пайрави мазҳаби исмоилӣ мебошанд. Оқохон барои онҳо олитарин мақоми рӯҳонӣ маҳсуб мешавад.
Бар асоси ақидаи исмоилӣ имом ҳаққи истисноии тафсири мазҳабро дорад ва масъули сифати зиндагии муридони худ мебошад. Фаъолияти сохторҳои Оқохон дар даврони пасошӯравӣ дар Тоҷикисон маҳз побанди ҳамин усул аст.
Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон
Фаъолияти Шабакаи Оқохон оид ба Рушд (AKDN) дар Тоҷикистон аз соли 1992 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Минтақае, ки дар тамоми давраи Шӯравӣ вобастаи дотатсия буд, бо касби истиқлол ва заиф шудани марказ аз василаҳои пешбурди зиндагӣ бенасиб гардид. Тибқи омори расмӣ соли 1993 аз марказ танҳо 10 дар сад маводи зарурии ғизо, сӯхт ва лавозимоти зарурии дигар таъмин мешуд.
Кумакҳои башардӯстонаи Оқохон илова бар ғизо шомили фароҳам кардани имконият барои худкифоии ВМКБ низ мешуд. Баъдтар сохторҳои Оқохон фаъолияти худро дар минтақаҳои дигар низ густариш доданд. Тибқи омори Шабакаи Оқонхон оид ба Рушд, айни замон дар Тоҷикистон 3500 нафар дар фаъолиятҳои ин ниҳод шомил мебошанд ва тарҳҳои он дар заминаҳои рушди зерсохтор, энержӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг кор мекунанд.
Ғайр аз ин Бунёди Оқохон Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистон (МСДСП)-ро таъсис додааст, ки аз тариқи ироа кардани қарзҳои хурд тарҳҳоеро дар арсаҳои коҳиш додани хатари табиӣ ва рушди хоҷагии қишлоқ фаъолият мекунад. Дар заминаи тарҳҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ширкатҳое ба монанди “Тиселл”, “Памир энержӣ”, ва меҳмонхонаи “Серена” фаъол мебошанд. Ҳаҷми умумии маблағе, ки Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, мушаххас нест, Ёдгор Файзов директори иҷроияи Бунёди Оқохон ва раиси пешини ВМКБ дар як мусоҳибаи худ маблағгузории солонаи ин Бунёдро 70 миллион доллари амрикоӣ гуфта буд.
Баҳогузории фаъолият
“Оқохон аз тариқи сохторҳои худ дар Тоҷикистон маблағ, технология ва навовариҳои чашмрасе сармоягузорӣ кардааст. Ӯ аввалин сармоягузори бузурги хориҷӣ дар кишвар буд. Бо таваҷҷуҳ ба нуфузи ӯ дар Ғарб ва ҳузури сармоягузориҳояш дар Тоҷикистон бисёре аз кумаккунандагони дигарро ба кишвар ҷалб кард. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Бунёди Оқохон дар пешбурди иқтисод ва даст ёфтан ба сулҳ нақши мусбате дошт”,--мегӯяд коршиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов. Ба гуфтаи ӯ равишҳое, ки Бунёди Оқохон истифода кард, баъдан аз сӯи ташкилотҳои мададрасони дигар низ истифода мешуданд.
Бо вуҷуди баҳогузориҳои мусбат ба ҳузур ва кори сисолаи Оқохон дар Тоҷикистон арзёбиҳои манфӣ низ мушоҳида мешаванд. Бархе ӯро ҳимоятгари манофеи Бритонё дар минтақа мегӯянд ва бархеи дигар барномаҳои дарозмуддати ӯро ба таъсиси давлати ҷудогонаи исмоилӣ рабт медиҳанд. Аммо, ҳеч яке аз ин иддаоҳо бо далел исбот нашудаанд.
Пажӯҳишгари рус, Александра Алексеева дар таҳқиқоти худ дар мавриди нақши Ташкилоти Оқохон оид ба Рушд дар Тоҷикистони пас аз ҷанг зикр мекунад, ки ҷоҳталабӣ ё амбитсияҳои ҳудудиро ҳанӯз Оқохони III дар асри гузашта канор гузошта буд. Ӯ миҳандӯстӣ ва муҳаббат ба кишварро тарғиб мекард. “Имомат исмоилиёнро ба унвони давлати фаротар аз ҳудудҳо ва марзи мушаххас таъриф мекунад (воқеан имомат дорои дастгоҳи печидае мебошад, AKDN ва созмонҳои дигар). Барои босубот амал кардани ин “давлат” зарур аст, ки манфиатҳои он бо манофеи давлатҳои “воқеӣ”, ки дар онҳо исмоилиён зиндагӣ мекунанд, дар тазод набошанд,”--менависад Алексеева.
Робита бо Душанбе
Бо вуҷуди он, ки шабакаи Оқохон худро ғайрисиёсӣ муариффӣ мекунад, дар гузаштаи начандон дур мақомдорони Душанбе барои ҳалли буҳрони сиёсӣ дар ВМКБ ба миёнҷигарии роҳбари исмоилиён муроҷиат карданд. Дар моҳҳои июл ва августи соли 2012 пас аз он, ки Оқохон ба фармондеҳони собиқ ва афроди соҳибнуфузи минтақа дар мавриди супурдани аслиҳа муроҷиат кард, марҳилаи ҳассоси муноқиша ҳал шуд. Аммо, дар охири моҳи августи ҳамон сол Имумназар Имумназаров, яке аз роҳбарони ғайрирасмии ВМКБ дар хонааш кушта шуд, ки ба шурӯъи эътирозҳо дар минақа сабаб гардид ва дар охир бо дастёбӣ ба тавофуқ анҷомид.
“Он замон дар Душанбе аз таҳаввулоти вазъ дар Хоруғ эҳсоси дугона мушоҳида мешуд. Аз як сӯ муноқиша ҳалли худро ёфт (ҳарчанд вақт нишон дод, ки танҳо муваққатӣ пешгирӣ шуд) аз тарафи дигар маълум шуд, ки шахсияти хориҷӣ (ҳатто бо нуфузи ҷаҳонӣ ба мисли Оқохон) метавонанд ба ҷараёни таҳавуллоти сиёсӣ дар Тоҷикистон таъсиргузор бошад. Чунин гардиш, мақомдорони тоҷикро водор кард, ки дар муносибат ва нигоҳи худ ба роҳбари исмоилиён ҷаҳон таҷдиди назар кунанд”, --менависад пойгоҳи хабарии “Фергана”.
Ба ҳар ҳол, муносибати ҳамкории Бунёди Оқохон ва ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба солҳои баъди ҷангӣ ба таври қобили таваҷҷуҳ коҳиш ёфтааст.
Шоҳзода Карим Оқохон бори охир моҳи апрели соли 2012 ба Тоҷикистон сафар карда буд. Баъдан имоми исмоилиён бар хилофи таҷрибаи роиҷ дар ифтитоҳи иншоотҳои бузурге ба монанди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (90 миллион долллар), Маркази исмоилия дар шаҳри Хоруғ (15 миллион доллар) ва Маркази тиббӣ (24 миллион доллар) ҳузур надошт. Ғайр аз ин, тибқи манобеи Радиои Озодӣ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пас аз як соли фаъолияти худ соли 2018 тавонист иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро ба даст биёрад.
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) ва намонядаи собиқи парлумони Тоҷикистон дар як баёнияи ахири худ гуфтааст, ки дар даврони кори ӯ тарҳи сохтмони фурудгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳс қарор гирифта буд. Маблағи ин тарҳ 260 миллион долларро ташкил медод. Ба гуфтаи ӯ, бо миёнҷигарии Оқохон барои амалӣ кардани ин тарҳ ҳатто маблағгузорон низ пайдо шуданд, аммо бо сабабҳои номаълум ин лоиҳа ба фаромӯшӣ супурда шуд.
Буҳрони феълӣ дар ВМКБ
Мавқеи AKDN нисбати вазъияти феълии ВМКБ ва ҳукумати марказӣ дар Душанбе муайян нест. Намояндаи AKDN дар Тоҷикистон ба саволҳои Радиои Озодӣ ҷавоб надод.
Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик ва муовини пешини Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд ҳукумат ва ҷомеъа нисбати фаъолияти Оқохон назари мусбат доранд. “Ҳукумати Тоҷикистон шахсияти Оқохонро далел барои нооромӣ намедонад. Гуруҳи алоҳидае ҳаст, ки аз сиёсати Оқохон эҳсоси нооромӣ мекунанд, аммо мо бо чунин дидгоҳҳо ҳамназар нестем ва бовар дорем, ки Оқохон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҳомии Тоҷикистон боқӣ мемонад”,--гуфт ӯ.
Имом-роҳбари ташкилоти дунявӣ
Шоҳзода Карим Оқохон роҳбари Шабакаи Оқохон оид ба Рушд (AKDN) мебошад. Ин ташкилоти байналмилалӣ ва ғайридавлатие мебошад, ки бо буҷаи 625 миллиондолларии солонаи худ дар Осиёи ҷанубу шарқ, Шарқи наздик, Африқо, Аврупо ва Амрикои марказӣ фаъолият мекунад. Дар созмонҳои ин шабака 96 ҳазор нафар бештар дар кишварҳои рӯ ба рушд кор мекунанд. Барномаҳои он аз ҳисоби кумакҳо, грантҳо ва маблағҳои Бунёди рушди иқтисодии Оқохон, ки ба лоиҳаҳои тиҷоратӣ машғул аст, сармоягузорӣ мешаванд. Ҳарчанд Оқохон роҳбари руҳонӣ аст, AKDN худро ҳамчун созмони ғайридиннӣ муаррифӣ мекунад. Бо вуҷуди ин кори ин созмон мубтанӣ бар усули ахлоқии ислом аст: фарогирӣ, омӯзиш (аз ҷумла барои занон), рӯшангарӣ, ҳамдилӣ бо дигарон, истифодаи муштарак аз неъматҳо, эҳтиром ба зиндагӣ ва ҳифзи саломатӣ, тавсеаи пойдор ва ғайра.
Сохторҳои Оқохон таълимоти динӣ намебаранд, балки тарҳҳои кумакҳои башардӯстона, рушд ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиро анҷом медиҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Нақлиёти ройгон барои сокинони Хоруғ дар рӯзи мавлуди Шоҳзода Карим ОқохонАз сохтмони пул то бозорҳои наздимарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон ва Оқохони 4 чӣ гуфтанд?Сафари Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон ба БадахшонОғохони чаҳор ҷоизаи "Чемпиони ислоҳот дар ҷаҳон"-ро гирифтШоҳзода Заҳро Оғохон ба Тоҷикистон омад80 соли Оқохон ва 21 соли "байъат" бо исмоилиҳои Тоҷикистон