Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, рӯзи 18-уми октябр дар шаҳри Ню-Йорк “Ҷоизаи чемпиони ислоҳот”-и Созмони Милали Муттаҳидро ба даст овард. Ин ҷоизаро дар як маросими мутантан дар Ню-Йорк Кофи Аннон, дабири кулли собиқи СММ, ба Оғохони IV тақдим кард.
Оғохони IV дар маросими ҷоизасупорӣ дар як нутқи кӯтоҳ аз ҷумла гуфт, гирифтани “Ҷоизаи чемпиони ислоҳот” барояш шарафи бузург аст. Ӯ ҳамчнуон гуфтааст, дар ин толор бисёре аз нафаронеро мебинад, ки дар роҳандозии ислоҳот дар бисёре аз арсаҳои ҳаёт пешгом буданд ва ӯ “воқеан аз ҳузур дар назди онҳо шармсор аст”.
Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV худи ҳамон рӯз бо Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мулоқот доштааст.
Оғохони IV – пешвои тақрибан 20 миллион пайрави шиаи исмоилия дар ҷаҳон аст. Ӯ соли 1967 Бунёди Рушди Оғохонро таъсис дод, ки дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад. Ин бунёд саҳмияи сад дарсадии ширкати мобилии Tcell-ро низ дар даст дошта, Бонки хурди молиявӣ ва меҳмонхонаи "Серена-Душанбе"-ро дар ихтиёр дорад.
Бунёди рушди Оқохон соли гузашта дар Тоҷикистон 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.