Хадамоти андоз ё молиёти Қирғизистон эъломияи дороиҳои ходимони давлатиро дар солҳои 2019 ва 2020 нашр кард.
Бино бар ин эъломияҳо, мансабдорон зиндагии миёнае доранд: бархе ҳатто хонаи шахсӣ надошта, даромадашон асосан аз ҳисоби чорво будааст.
200 мансабдори Қирғизистон якбора барои ду сол эъломия супурдаанд. Онҳое, ки дороиҳояшонро ошкор накардаанд, ҷарима хоҳанд шуд.
Оқилбек Ҷабборов, раиси кунунии Девони вазирони Қирғизистон, дар ду соли охир наздик ба 20 ҳазор доллар даромад доштааст. Бино ба эъломия, раиси Девони вазирон танҳо як манзили иборат аз 77 метри мураббаъ дошта, аммо хешовандонаш соҳиби панҷ дӯкон ва 7 мошини тамғаи "Мерседес" будаанд. Пештар аз ин рӯзноманигорони таҳқиқотгар тиҷорати бузурги раиси Девони вазиронро ошкор карда буданд.
"Мо тобистон таҳқиқ ва ошкор кардем, ки меҳмонхонаи Damas дар шаҳри Бишкек ба наздикони Оқилбек Ҷабборов тааллуқ дорад," -- гуфт рӯзноманигор Болот Темиров.
Эъломияи вакили порлумони Қирғизистон Қамчибек Жолдошбоев низ назарногир будааст. Вай навиштааст, танҳо як манзил дорад, аммо се сол пеш рӯзноманигорон ошкор карда буданд, ки ин вакил як қаср ва 2,5 га замин дорад.
"Мансабдорони мо роҳҳои дур задани эъломияро омӯхтаанд. Онҳо амволи худро ба номи наздиконашон сабт мекунанд," - мегӯяд Болот Темиров.
Таҳлилгар Мусурқул Қобилбеков мегӯяд, 70 дарсади иқтисоди Қирғизистон соягӣ ё пинҳонӣ аст. “Дороии аз эъломия беруни мансабдоронро онҷо бояд ҷуст,” -- мегӯяд Қобилбеков.