Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бо вуҷуди хотима ёфтани мавсими тирамоҳии даъват ба сафи артиши Тоҷикистон, ба онҳо дар бораи ҷалби маҷбурӣ ва ё "сарбозшикор" (облава) шикоят расидааст.
"Шаҳрвандон аз Хуҷанд ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон муроҷиат карданд. Ҳадди ақал то 6-уми декабр муҳоҷирони ҷавонро аз фурудгоҳҳо маҷбурӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурдаанд. Мехоҳем, дар пайванд ба ин мавридҳо шикоят барем," – гуфт ҳуқуқдон Дилрабо Самадова.
Бар асоси фармони раиси ҷумҳурӣ, мавсими тирамоҳии даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ моҳи октябр оғоз ёфт ва бояд 30-юми ноябр ба анҷом бирасад. Вале Дилрабо Самадова, масъули созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", мегӯяд, мақомоти комиссариатҳои ҳарбӣ бар хилофи ин фармону қонун худсарӣ мекунанд.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон расман гуфт, мавсими тирамоҳии бурдани ҷавонон ба артиш поён ёфт, вале даъвати онҳо ба комиссариатҳои ҳарбӣ идома хоҳад кард.
"Дар ҳақиқат, баъзе аз кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ аз ҳадди ваколатҳои худ баромада, бо мақсадҳои иҷрои нақша ё мақсадҳои коррупсионӣ суистифода карда истодаанд. Бояд ба ин роҳ надод. Мӯҳлати даъват дароз карда нашудааст. Фармони раисиҷумҳур аст, то 30-юми ноябр," -- шарҳ дод Дилрабо Самадова.
Идомаи сафарбар кардан ба артиш дар моҳи декабр сару садои зиёд дар байни муҳоҷирони ҷавон дар Русияро, ки мунтазиранд, даъват тамом шаваду ба хона баргарданд, эҷод кардааст. Эълони нави Вазорати дифоъ дар бораи даъвати ҷавонон ба комиссариатҳои низомӣ ҳаёҳуро зиёдтар кард.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, гуфт, “агар дар қонуни қаблӣ як моҳ қабл ё 20 рӯз қабл аз мавсим даъватномаҳо тақсим карда мешуданд, дар қонуни нав "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” омӯзиши ҳайати шахсӣ, яъне омӯзиши захираҳои даъвати сафарбарӣ ва ҳам омӯзиши захираҳои даъватӣ дар давоми сол идома меёбад.”
Вале ба гуфтаи масъулони вазорат, агар ба ҷавоне моҳи январ даъватнома ба комиссариати низомӣ расид, ӯро ҳамон моҳ ба артиш намефиристанд ва фақат барои солҳои оянда сабти ном мекунанд. Ваъдае, ки на ҳама ба он бовар доранд.
Дар Тоҷикистон даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳамеша ба ҷанҷолу кашмакаш олуда аст. Азбаски аксарият аз хидмати ҳатмӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ сарпечӣ мекунанд ва довталабона ба артиш намераванд, мақомоти интизомӣ онҳоро аз кӯчаву бозор ё бистари хобашон бардошта мебаранд.
Сабаби парҳез аз хидмат ҳам бадрафторӣ бо сарбозон дар воҳидҳои низомӣ аст, ки гоҳе бо худкушиву маъюб ва маълул шудани ҷавонон меанҷомад. Аз соли 2015 то соли 2019 дар Тоҷикистон 10 сарбоз дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ба ҳалокат расидаанд.