Маҳингул Ҳалимоваи 62-соларо чанд рӯз пеш дар бемористони дили шаҳри Кӯлоб бистарӣ карданд. Ӯ барои дар чунин ҳол афтоданаш кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъро айбдор мекунад. Мегӯяд, ҳангоми ҷалби маҷбурии писараш ба артиш ӯро низ задаанд.
Ин сокини деҳаи Эмомтаърифии ноҳияи Восеъ гуфт, писараш Қурбонҷон Ғолибов, донишҷӯйи соли севуми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати шаҳри Хуҷанд буда, барои чанд рӯз барои хабаргирӣ ба ноҳияи Восеъ омада буд.
"Кормандони комиссариати ҳарбӣ бе иҷозат ба хона дароманд. Вақте аз онҳо хостам, аз ин кор худдорӣ кунанд, латукӯб карданд. Илтимос кардам, ки маро натарсонед, вале кашида дур партофтанд. Дигарон писарамро кашола карданд", -- нақл кард ӯ.
Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ гуфтанд, ки писари Маҳингул Ҳалимова чанд дафъа даъвати расмиро барои ҳозир шудан ба комиссариат нодида гирифт ва, бинобар ин, ба хонаашон рафта буданд. Онҳо ҷанҷолу кашмакаш ва латукӯби соҳибхонаро рад карданд.
Аммо шоҳидони ҳодиса чизи дигар мегӯянд. Сайёра Расулова, ҳамдеҳаи Маҳингул нақл кард, ки вақте сару садоро шуниданд, дар оғоз фикр карданд, миёни ҳамсояҳо ҷанҷол рух додааст: "Шоҳиди он шудам, ки чанд нафар Маҳингулро ба дигар тараф андохта, писари ӯро бо пушт хобонда ва бо мушту лагад мезаданд."
Дар бемористони дил дар шаҳри Кӯлоб тасдиқ карданд, ки ин сокини ноҳияи Восеъ субҳи 26-уми апрел дар ҳолати беморӣ ба назди онҳо оварда шудааст.
Сайфиддин Пӯлодов, табиби беморхонаи дили шаҳри Кӯлоб гуфт, "бо чунин шикоятҳо бо нақлёти шахсӣ ба маркази мо оварданд. Нафастангӣ, дамкутоҳӣ дарди сар, сарчарзанӣ ва бетоқатӣ шикоят дошт".
Ҳоло Маҳингул Ҳалимова барои таҳқиқи ҳодиса ба додситонии ҳарбӣ дар минтақа муроҷиат кардааст. Ин зан мегӯяд, айни замон дар бораи дар куҷо будани писараш иттилоъ надорад, чун ӯ субҳи 26-уми апрел аз дасти кормандони комиссариат раҳо шуда, дар куҷое пинҳон шудааст.
Бори аввал нест, ки сокинони ноҳияи Восеъ аз рафтори, ба қавли онҳо, "нодуруст"-и кормандони комиссариати ҳарбӣ ва мақомоти интизомӣ дар хонаҳояшон шикоят мекунанд.
Як сол пеш Гулдаста Зулфиқорова, сокини дигари ноҳияи Восеъ, шикоят карда буд, маъмурони интизомӣ ғайриқонунӣ писарашро ба артиш бурданд ва худи ӯ низ дар натиҷаи ҷанҷолу кашмакаш осеб дид.
Мақомот ҳар дафъа чунин ҳодисаҳоро рад мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҳар сол баҳору тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд. Мақомот аз бештар шудани сафи ихтиёриёни хидмат дар артиш мегӯянд, аммо сокинон аз афзун шудани мавридҳои сарбозшикор.