Раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов дар мулоқот бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 8-уми декабр масъалаи бозкушоии марзҳоро баррасӣ кард.
"Бо назардошти эътирофи санадҳои ваксиназании ду кишвар зидди вабои коронавирус, аз шумо мехоҳам, ки дар кушодани марзи Қазоқистон ба рӯи шаҳрвандони ваксинагирифтаи Қирғизистон мусоидат кунед", - гуфт Ҷабборов.
Посухи ҷониби Қазоқистон дар робита ба дархости Қирғизистон маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ибтидои моҳи ноябр низ як чунин дархостро аз ҷониби Қазоқистон карда буданд.
Гузаргоҳҳои заминии марзӣ байни Қирғизистону Қазоқистон аз баҳори соли 2020 барои қирғизистониҳо баста боқӣ мондааст. Шаҳрвандони Қирғизистон танҳо тариқи ҳавопаймо метавонанд, ба Қазоқистон раванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд, бо роҳҳои заминӣ вориди Қирғизистон шаванд.