Занони курд дар замони ҷанг ба зидди гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия дар саҳнаи байнулмилалӣ шинохта ва ситоиш шуданд. Бо вуҷуди анҷоми ҷанг, ба гуфтаи занон, ҳоло кори зиёде мондааст, ки бояд барои аз байн бурдани ДОИШ анҷом дод.
Зиндагӣ барои Рожава Ҳамо дар замони набард ба зидди ҷангҷӯён ба навъе беҳтар будааст. Ӯ дар ҳайати Нерӯҳои Демократии Сурия, ки аз размандагони курд иборат аст, ба зидди ДОИШ меҷангид.
"Ҳангоми ворид шудан ба Раққа мо наметарсидем, баръакс, ДОИШ-иён метарсиданд. Онҳо намехостанд, ки ба дасти як сарбози зан кушта шаванд," -- нақл кард Рожава Ҳамо.
Ба қавли фармондеҳон дар шимолушарқи Сурия, размандагони зан дар маҳви ДОИШ нақши бузурге доштанд ва ҳузури онҳо соли 2014 дар ҷанг дар шаҳри Кобанӣ намоён шуд. Онҳо дар канори мардон меҷангиданд ва шаҳрро дар чаҳор моҳ озод карданд. Ҳамо мегӯяд, агарчӣ ҷанг дар майдони набард ба поён расидааст, набардҳои дигаре дар пеш аст.
Ӯ афзуд: "Ҳоло дигар ҷанги рӯбарӯ нест, ҷанги идеологӣ аст. Ҳама бо силоҳ ҷангида метавонанд, ҳатто кӯдакон ҳам, вале мо бояд мағзҳои худро аз ин идеология озод кунем."
Ҳалқаҳои хуфтаи ДОИШ ҳанӯз ҳам дар шимолушарқи Сурия ҳамла мекунанд. Аз сокинони Раққа дар бораи ДОИШ пурсӣ, мавзӯи хатарнок гуфта, суҳбат намекунанд, чун ба қавли онҳо мумкин аст гуруҳ дигарбора ба қудрат баргардад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо гузашти се сол аз ҷанг, корҳо барои барқарорӣ дар ин гӯшаи Сурия камтар шуда ва эҳсоси ноамниро зиёдтар кардааст. Ҳамза ал-Мавҷ, сокини Раққа, мегӯяд, "аввалҳо корҳои барқарориро возеҳ медидем, вале дар 9 моҳ ё як соли гузашта ҳама чиз қатъ шуд. Мо ҳеч кумаки башарӣ намегирем."
Шимолушарқи Сурия бо гӯристонҳои васеъ пур шудааст, ки дар онҳо ҳазорон қурбониёни дасти ДОИШ, яъне размандаи курд ва сарбозони Нерӯҳои Демократии Сурия хуфтаанд.
Бозмондагони ҷанг аз он нороҳатанд, ки баъд аз суқути ДОИШ, ки аксаран курдҳо дар мубориза бо онҳо талафоти зиёд доданд, аз ҳимояти байнулмилалӣ маҳрум шуданд. Рожава Ҳамо гуфт: "Мо Раққаро ба осонӣ пас нагирифтем. Дӯстони зиёди мо ҷон доданд. Онҳоро дар пеши чашми мо куштанд."
Амрико соли 2019 бисёре аз нерӯҳояшро аз Сурия берун кард ва размандагони курдро ҳам дар баробари ҳамлаҳои Туркия осебпазир гузошт, ки онҳоро "террорист" мешуморад. Туркия қисматҳое аз манотиқи марзии Сурияро гирифтааст ва онро "минтақаи ҳоил" меномад.
Ҳамо мегӯяд, даргириҳои марзӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар таҳдидҳои пайвастаи ДОИШ ба ҳадде мисли ӯ сарбозонро ба зери фишор гузоштааст, ки ҳоло ба ҷанги ҳамаҷонибаи ошкор бартарӣ медиҳанд.