Порлумони Тоҷикистон тарҳи созишнома байни Тоҷикистону Русия оид ба ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро қабул кард. Ин тарҳро Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи 8-уми декабр дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ намуд.
Вазири дифои Тоҷикистон зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, "бо назардошти болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ба миён омадани шаклҳои нави пешбурди амалиёти ҷангӣ, аз ҷумла истифодабарии васеи ҳавопаймои бесарнишин, аз ҷумла, аз ҷониби гуруҳои террористӣ-экстремистӣ, амалигардонии ин созиншнома ба манфиати таъмини амнияти фазои ҳавоии кишвар арзёбӣ мегардад".
Шералӣ Мирзо пас аз суханронӣ дар порлумон, ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин робита ба ин созишнома тафсилоти дигар надод ва гуфт, маълумоти аз ин бештар "махфӣ" мебошад.
Дар бораи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ дар моҳи майи имсол Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба мақомоти кишвараш дастур дода буд, ки созишномаи бунёди шабакаи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоиро бо Тоҷикистон омода карда, ба имзо расонанд.
Матни дастури Путин дар ин бора рӯзи 17-уми май дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд. Тибқи он Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои хориҷии Русия уҳдадор шудаанд, ки бо Тоҷикистон дар ин замина музокира пеш баранд.
Эҷоди як низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон дар гузашта дар матбуот суолҳоеро ба бор овард. Бархе аз коршиносон ба зарурати он таъкид карданд ва бархе ҳам интиқод карданд, ки Тоҷикистон ҳарими ҳавоии худро дар назорати Маскав мегузорад.
Ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир Афғонистон дар ихтиёри гурӯҳи тундрави Толибон қарор дорад ва нигарониҳои кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия аз ҳузури ҷангиёни гурӯҳҳои даҳшатафкан дар марзҳояшон бештар шудааст.