Мақомоти Покистон дар пайванд ба латукӯб ва сӯзондани ҷасади як корманди корхонаи дӯзандагӣ дар он кишвар беш аз сад касро дастгир кардаанд. Ҷамъияти хашмгин рӯзи 3-юми декабр Приянта Кумараро бо гуноҳи "куфр" куштанд.
Сиёсатмадорону низомиён, чеҳраҳои динӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Покистон ҳодисаро маҳкум карданд. Имрон Хон, сарвазири Покистон, онро дар Твиттер "ҳамлаи даҳшатноки мутаассибон" ва "як рӯзи шармовар барои Покистон" номид. Ӯ ваъда дод, ки гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт.
Масъалаи "куфр" ё "тавҳин ба муқаддасоти дини ислом" дар ин кишвари аксарияташ мусалмон мавзӯи ҳассос аст ва ҳатто иддаои исботнашуда дар ин робита метавонад, хушунат ва эътирозҳои бузургро ба вуҷуд орад.
Ҳасан Ҳавар, сухангӯи ҳукумати вилояти Панҷоб, рӯзи 4-уми декабр гуфт, дар амалиёт дар Сиалкот, ноҳияе дар 200-километрии Исломобод, 118 гумонбар боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи пулис, коргарони як корхонаи дӯзандагӣ Приянта Кумара, мудири содиротро дастгир карда, ӯро бо шиканҷа ба қатл расонданд ва ҷасадро дар пеши чашми мардум сӯзонданд.
Як сокини маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, коргарони корхона иддао кардаанд, ки дар партовгоҳи кории Приятна Кумара саҳифаҳои Қуръонро ёфтаанд. Ӯ ҳамчун пайрави масеҳият муаррифӣ шудааст.