Пешниҳод шудааст, ки шумораи ҳарбиёнро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кам кунанд

Мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар гузаргоҳи "Кулунду". 3-юми декабри 2021

Бино ба хабари бахши қирғизии Радиои Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр дар мулоқот бо намояндагони Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки шумораи ҳарбиён дар сарҳади ду кишвар кам карда шавад.

Ҷониби Тоҷикистон ба таври расмӣ дар ин бора хабар надодааст.

Ба қавли муовини ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Маъруфхон Туллаев, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, тартибот дар минтақаҳои наздимарзӣ “тавассути нерӯҳои пулис таъмин карда шавад”.

“Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар наздикии сарҳад танҳо бо розигии тарафҳо анҷом дода шавад,” – афзудааст ӯ.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдикарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд, рӯзи 3-юми декабр дар чорроҳаи Зарафшон, дар наздикии деҳаи Сомониён, макони баҳсӣ баргузор шудааст.

Рӯзи якуми декабр сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар бораи рабуда ва латукӯб шудани як омӯзгори 59-сола дар марз бо Қирғизистон хабар доданд. Раиси деҳаи Куктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон баръакс иддао кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон як сокини ин деҳаро ҳангоми ҷустуҷӯи чорво задаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муаллим гуфт, "ба сару рӯ ва дасту поям заданд". Ду даъво дар бораи як ҳодиса дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. ВИДЕО

Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби 1-уми декабр аз тирпарронӣ дар сарҳад хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар мавриди ҳарду ҳодиса ва ҷузъиёти музокирот шарҳе надодаанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз ба далели номуайян будани бахше аз сарҳад доғ ва мояи ҷанҷолу задухӯрдҳост. Низои мусаллаҳонаи моҳи апрели имсол, ки аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, робитаи ду кишвари болооби Осиёи Марказиро сарду печида кард. Ҳарду тараф ҳамвора якдигарро ба сар задани муноқиша ва кӯшиши ноором кардани вазъ гунаҳкор мекунанд.