Як зани рӯзноманигор аз Афғонистон иддао дорад, ки мақомоти Тоҷикистон ӯ ва 13 узви хонаводаашро ба Толибон супурдаанд.
Марзбонҳои тоҷик ҳодисаро тасдиқ ё рад намекунанд. Зан рӯзи 2-юми декабр дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аввали моҳи ноябр ба воситаи Ишкошим вориди хоки Тоҷикистон гардида, "пас аз як ҳафта" дубора ба Афғонистон пас гардонда шуданд. Номи зан ба далели амниятӣ нашр намешавад.
Пештар мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар шароити нохуби иқтисодӣ тавоноии пазироӣ аз паноҳҷӯёни бештарро надоранд.
Ин зани афғонистонӣ нақл кард, ки бо ворид шудан ба хоки Тоҷикистон ҳамчун паноҳҷӯ худро ба Идораи пулиси маҳаллӣ таслим карданд. Марзбонон ва пулис гуфтаанд, сарнавишти онҳо дар Душанбе ҳал мешавад.
“Бо ҳафт тифли хурди хонавода ва тағоям, ки корманди ҳукумати собиқ буд, вориди Тоҷикистон шуда будем. Баъди як ҳафта моро маҷбуран ба марз бурданд ва ба дасти сарҳадбонони Толиб супурданд,” -- иддао кард ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот ҳанӯз вокуниш накардаанд. Дафтари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон рӯзи 19-уми ноябр аз истирдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон бонги изтироб зада буд. Дар изҳороти созмон гуфта мешуд, ки мақомоти Тоҷикистон 11-уми ноябр 11 марду зан ва кӯдаконро ба Афғонистон “зӯран баргардониданд”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: СММ гуфт, Тоҷикистон "зӯран" 11 паноҳҷӯро ба Афғонистон фиристод. Мақомот ҳанӯз шарҳе надодаандРӯзноманигори афғон гуфт, замоне онҳоро ба Толибон месупурданд, “марзбонони тоҷик ашк мерехтанд, вале гуфтанд, агар ин коррро анҷом надиҳанд, худашон зиндонӣ мешаванд”. Ӯ гуфт, бо вуруд ба Афғонистон тағояшро Толибон боздошт карданд ва ду ҳафта аст, ки аз сарнавишташ хабаре надоранд.
Толибон дар нимаи моҳи августи имсол Афғонистонро тасарруф карданд. Рӯзноманигорон ва фаъолони дигар аз тарси гуруҳи тундгарои "Толибон" ин кишварро тарк карданд.
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон ва ҳамсояҳои дигари Афғонистон хостааст, марзҳои худро ба рӯйи паноҳҷӯёни афғон, ҳатто агар ҳуҷҷат ҳам надошта бошанд, бикушоянд. Ин ниҳод гуфт, марзҳои Покистону Эрон ба рӯйи афғонҳои соҳиби ҳуҷҷат ва раводид (виза) боз аст, вале сарҳади Тоҷикистону Узбекистон “комилан бастааст”.
Пештар мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки 15 ҳазор паноҳҷӯи афғонро қабул кардаанд. Намояндаи Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид ду ҳафта пеш ин шумораро тақрибан 12 ҳазор нафар гуфт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон чӣ қадаранд: 12, 14 ё 15 ҳазор? ВИДЕО