Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хостааст, ки марзҳои худро ба рӯйи афғонҳои паноҳҷӯ, ҳатто агар ҳуҷҷат ҳам надошта бошанд, бикушоянд.
Созмон рӯзи 1-уми декабр гуфт, сарҳади Покистону Эрон дар ҳоли ҳозир танҳо барои афғонҳое, ки шиноснома ва виза доранд, кушода буда, сарҳади Тоҷикистону Узбекистон “пурра бастааст”.
Идораи СММ гуфт, аз афзоиши хатарҳо ба афғонҳои дар ҳоли фирор ба кишварҳои ҳамсоя “амиқан нигарон аст”. Дар ҳоле ки, ба қавли масъулонаш, вазъ дар Афғонистон баъди ишғоли Толибон дар моҳи августи имсол ҳамчунон дар ҳоли бадшавӣ аст.
Созмон маҳдудияти таҳсили духтарон, аз кор маҳрум шудани занон, фишор ба ақаллиятҳои мазҳабиву миллӣ, ҳамчунин, тарсондану куштани ҳомиёни ҳуқуқро монеа барои зиндагии одӣ дар Афғонистон арзёбӣ кардааст.
Идораи умури паноҳандагони СММ ҳамзамон аз тон ибрози нигаронӣ кардааст, ки бозпас фиристодани афғонҳо аз Покистону Эрон ва Тоҷикистон пас аз тасарруфи Толибон “афзоиш ёфтааст”.
UNHCR аз мақомоти ҳамаи кишварҳо даъват кардааст, ки бозпас фиристодани маҷбурии афғонҳоро бас кунанд.