НАТО дар пасманзари нигарониҳо аз афзоиши тавонмандии низомии Русия дар марз бо Украина ба Маскав ҳушдор додааст, ки барои ҳама гуна таҷовузи низомӣ зидди ин ҳамсоякишвари худ "баҳои баланд" хоҳад пардохт.
Ин ҳушдори Ғарб ба Кремл 30-юми ноябр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви НАТО дар Рига садо дод. Дар мулоқот таҳдидҳои бархоста аз Русия баррасӣ шудаанд.
Украина мегӯяд, Маскав даҳҳо ҳазор низомӣ ва техникаҳои вазнини ҳарбиро баъди як размоиш дар ғарби Русия ва дар наздикиҳои марзи ин кишвар ҷойгир кардааст. Дар Киев нигаронанд, ки эҳтимол дорад, Русия ба ин кишвар ҳамла кунад.
Русия, ки соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол карда, ҷудоиталабонро дар шарқи ин кишвар дастгирӣ мекунад, иддаои Киевро рад кардааст. Русия Украина ва шарикони ғарбияшро ба ангехтани ташаннуҷ гунаҳкор мекунад.