Мақомоти вилояти Иркутски Русия ҳайати сафорати Тоҷикистонро қабул карда, таҳқиқи қазияи боздошти се муҳоҷирро ваъда додаанд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ин ҳайат як ҳафта пеш ба Иркутск рафта буд, вале дар ду рӯзи аввал мақомоти ин шаҳр бо онҳо суҳбат накарданд.
Рӯзи 25-уми ноябр Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар бораи ин қазия суҳбат кард. Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, пас аз ин суҳбат мақомоти тафтишотӣ бо ҳайати сафорат суҳбат карда, онҳоро бо парванда шинос кардаанд.
Мақомоти Русия дар пайи оташ зада шудани вагони зисти муҳоҷирон дар деҳаи Заларии вилояти Иркутск, ки шаби 12-уми ноябр боис ба марги ду нафар шуд, се шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд. Наздикони онҳо ва мақомоти тоҷик мегӯянд, муҳоҷирон ҷабрдидаанд ва ба ҷойи ҷазо додани онҳое, ки вагонро оташ задаанд, онҳоро боздошт намудаанд.
Мақомоти Русия дар ин бора шарҳ надодаанд ва танҳо гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти Иркутск ҳеч далели қонеъкунанда барои гунаҳкор донистани се муҳоҷир пешниҳод карда натавонистанд. Онҳо умед доранд, ки муҳоҷрони боздоштшуда ба зудӣ озод мешаванд.
Дар ҳодисаи шаби 12-уми ноябр Насимҷон Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, сокинони ноҳияи Файзободи Тоҷикистон ҳалок шуданд. Мақомоти Русия се муҳоҷир – Қурбонмад Содиқов ва Далер Ҳасановро ба гумони "қасди куштор" ва Ҷумъабой Искандаровро ба гумони "авбошӣ" боздошт карданд. Аз ҷониби сокинони маҳаллӣ танҳо як нафар боздошт шудааст.
Ҷанҷол миёни муҳоҷирон ва сокинони маҳаллӣ рӯзи 12-уми ноябр дар назди мағоза оғоз шудааст. Сипас, як гурӯҳ шабона вагони зисти ҳафт муҳоҷири тоҷикро оташ задаанд. Аз ин рӯ, аксарият боздошти муҳоҷиронро баръакси воқеият дониста, аз мақомоти тоҷик хостаанд, ба муҳоҷирон кумак кунанд.