Чаро ҳар чанд сол Хоруғ ноором мешавад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бо гузашти 5 рӯз аз эътирозҳои сокинони Хоруғ баҳсҳо дар бораи сабабҳои тазоҳуроту нооромӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳфилҳои сиёсии Тоҷикистон идома дорад. Баҳс сари он аст, ки чаро ин вилоят, ки бештар аз нисфи қаламрави кишварро ташкил медиҳад, ҳар чанд сол як бор ноором мешавад.