Ҳизбҳои оппозитсионии Қирғизистон натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии ин кишварро, ки рӯзи якшанбе барпо шуд, рад карда Комиссиюни марказии интихоботро дар тақаллуб айбдор намуданд. Шоми 28-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек раҳбарони чор ҳизби сиёсӣ – “Отамакон”, ҳизби “Озодӣ”, сотсиал-демократҳо ва ҳизби “Ваҳдати қавмҳо” аз мақомот талаб карданд, ки натиҷаҳои интихоботро бекор ва интихоботи навро барпо кунанд. Мухолифон комиссиюни интихоботро дар он муттаҳам карданд, ки дар 40 дақиқае, ки монитори ҳисобу китоби овозҳо аз кор монд, овозҳо “дуздидаву” “тақаллуб шудаанд”. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки 122 ҳазор ё наздики 10 фоизи бюллетенҳо беэътибор дониста мешаванд. Натиҷаҳои пешакии расмӣ мегӯяд, ки се ҳизби рӯ ба давлат барандаи калонтарини интихобот шуданд ва аз 90 курсии парлумон 54 ададаш насиби ҳукуматиҳо мешавад. Дар миёни онҳо ҳизбҳои “Отаҷӯрт”, “Эътимод” ва “Гармония” мебошанд, ки аз даҳуним то беш аз шонздаҳуним фоизи овозҳоро ба даст овардаанд. Се ҳизби дигари ба парлумони навбатӣ роҳёфта аз 5 то 8 фоизи овозҳоро гирифтаанд.