Аз Тоҷикистон ҳафт мошини боркаш ба Бадахшони Афғонистон ёриҳои башардӯстонаи СММ-ро бурд

Кобул, оилаи паноҳҷӯён дар як боғи шаҳри Кобул хайма задааст

Рӯзи 29-уми ноябр Барномаи озуқаи СММ ба вилояти Бадахшони Афғонистон аз Тоҷикистон ҳафт мошини борбарро бо ёриҳои башардӯстона ирсол кард. Дар бораи нияти ба қисматҳои шимоли Афғонистон интиқол додани кӯмакҳо тавассути хоки Тоҷикистон чанд рӯз пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд. Ин ёриҳо аз 2500 тонна орд иборат аст ва аз ҷониби Барномаи озуқаи СММ ба мардуми Афғонистон дода мешавад.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, кӯмаки мазкур ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.

“Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кӯмакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд. Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд,”-омадааст дар хабарномаи вазорат.

Кӯмакҳои башардӯстона дар ҳоле ба Афғонистон интиқол меёбанд, ки вазъи мардум дар ин кишвар баъди ба қудрат расидани Толибон бамаротиб вазнинтар шудааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, аксари аҳолии Афғонистон феълан ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Толибон аз нимаи моҳи август қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтаанд, вале то ҳол ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, бидуни ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон ба мардуми Афғонистон кӯмак мекунанд.