Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдори Тошканди Узбекистон гуфт, "касе аз узбекистониҳо намехоҳад, ки бо 140 доллари моҳона кор кунад". Ин изҳороти раиси шаҳри Тошканд ошкор кард, ки кори рӯзбайъ даромади бештар аз моҳонаи пешниҳодии мақомоти Узбекистонро доштааст. Бино ба назарсанҷиҳо, мардикорон дар саросари Узбекистон рӯзона аз 7,5 доллар то 11 доллар даромад доранд.
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 23-юми ноябр ба ноҳияи Шайхонтаҳури Тошканд рафт ва дар суҳбат бо сокинон гуфт, дар шаҳри Тошканд ҷойҳои кории зиёде ҳаст, ки ниёз ба мутахассисон дорад.
Дар посух ба ин ҳарфҳои президент Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдори Тошканд гуфт, корҷӯён намехоҳанд, бо маоши 140 доллар дар моҳ кор кунанд.
Бино ба иттилои Кумитаи омори Узбекистон, моҳонаи миёна дар он кишвар 266 долларро ташкил медиҳад.
Аммо ин дар ҳолест, ки бисёре аз узбекистониҳо аз ҳисоби маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатии он кишвар рӯз мегузаронанд. Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, то охири соли ҷорӣ ҳаҷми маблағзҳои интиқолии муҳоҷирони узбекистонӣ аз хориҷ ба 7,6 миллиард доллар хоҳад расид. Дар соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон 6,03 миллиардро ташкил дода буд.