Раиси Интерпол нав шуд. Ташвишҳо аз "худӣ" шудани пулиси байнулмилалӣ барои худкомаҳо

Аҳмад Носир ар-Раисӣ

Аҳмад Носир ар-Раисӣ, генерали Вазорати корҳои дохилии Имороти Муттаҳидаи Арабро, ки ба шиканҷа гумонбар аст, президенти нави Интерпол (пулиси байнулмилалӣ) интихоб карданд. Ҳу Бинчен, як масъули Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин, узви Кумитаи иҷроияи Интерпол шудааст.

Интихобҳои нав дар ҷаласаи рӯзи 25-уми ноябр дар Туркия сурат гирифт ва нигарониҳоро дар бораи эҳтимоли суистифода аз Интерпол ҳамчун дастгоҳи таъқибу боздошти дигарандешон дар ҷаҳон афзуд. Интерпол нерӯҳои пулиси 194 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.

Афзоиши нигаронӣ. Чаро?

Идрис Айшан, як фаъоли уйғури муқими Туркия, рӯзи 19-уми июли имсол бо дархости ҳукумати Чин дар Марокаш боздошт шуд. Пекин боздошти ӯро тавассути Интерпол дархост карда буд.

Фаъолон изҳори нигаронӣ карданд, ки парвандаи Айшан ангезаи сиёсӣ дорад ва агар ба зодгоҳаш, Шинҷон, фиристода шавад, шиканҷа хоҳад шуд. Пекин дар ин минтақаи ғарбии Чин беш аз 1 миллион уйғур, қазоқ ва ақаллиятҳои дигари мусулмонро дар боздошт нигоҳ медорад.

Баъди эътирозҳои байнулмилалӣ, Интерпол нишонаи сурхро аз номи Айшан бардошт ва бозбинии парвандаи ӯро эълон кард, вале бо гузашти чаҳор моҳ ин ҷавони 33-сола дар Марокаш дар ҳабс ба сар мебарад.

Ба қавли коршиносону мунтақидон, парвандаи Айшан далели он аст, ки ҳукуматҳои худкома аз низоми Интерпол барои таъқиби мухолифон дар хориҷа суистифода мекунанд. Ҷое, ки ба гуфтаи онҳо асосан қочоқбарони маводи мухаддир, гумонбарони ҷинояти ҷангӣ ва ифротгароёни эҳтимолӣ ҷустуҷӯ мешаванд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ва қонунгузорони ғарбӣ аз он нигаронанд, ки ин созмон метавонад, зери тасарруфи кишварҳои худкома бимонад. Лора Ҳарт аз созмони ҳуқуқии Safeguard Defenders ба Радиои Озодӣ гуфт: “Агар бигузоред, ки як мансабдори баландпояи давлатӣ беҷазо монад, давлатҳои дигарро водор мекунад, ки аз он пайравӣ намоянд.”

Ба нафъу ба зарари кӣ?

Мудофеони ҳуқуқи башар ва коршиносон пештар ҳушдор дода буданд, ки интихоби Раисӣ ва Бинчен ба ҳукуматҳои дигари худкома, аз қабили Эрон, Русия, Тоҷикистон, Туркия ва Венесуэла “илҳом” мебахшад. Ин кишварҳо солҳо боз барои суистифода аз Интерпол танқид мешаванд.

Эдвард Лемон, коршиноси Донишгоҳи Техас A&M, гуфта буд, "интихоби Раисӣ ё Бинчен ба ҳукуматҳои дигари худкома нишон медиҳад, ки суистифода аз Интерпол дуруст аст".

Интерпол ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи қазияи Айшан ва нигарониҳо дар бораи интихоби Бинчен ва Раисӣ посух надод.

Интерпол ҳамвора гуфтааст, аз истифода шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ худдорӣ меварзад ва исрор дорад, ки нашри огоҳиномаҳо ба таври қатъӣ назорат карда мешавад. Дар пасманзари танқидҳои афзоянда, созмон инчунин ислоҳотро барои ҳимоят аз гурезаҳо ва паноҳҷӯён қабул кард ва ваъда дод, ки тарзи баррасии фиристодани огоҳиҳоро беҳтар хоҳад кард.

Аммо фаъолон ва созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳукуматҳои узви Интерпол аз ин созмон ба манфиати худ истифода мекунанд ва ин метавонад, дар замони раҳбарияти нав бадтар шавад.

“Чароғи сабз” ба Чин?

Эътилофи байнипорлумонӣ оид ба Чин, эътилофи қонунгузорон аз саросари ҷаҳон, дар як номаи кушод навишт, интихоби Бинчен ҳамчун узви Кумитаи иҷроияи Интерпол "ба ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин чароғи сабз хоҳад дод, то ба истифодаи нодуруст аз созмон идома диҳад. Ва даҳҳо ҳазор дигарандешон аз Ҳонг Конг, Шинҷон, Тибет, Тайван ва Чинро, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, зери хатари боз ҳам бештар қарор медиҳад.”

Ин ҳушдор дар як изҳороти ҷудогонаи Конгресси ҷаҳонии уйғурҳо низ садо додааст, ки навиштаанд, “интихоби Ҳу Бинчен пайомадҳои вазнин хоҳад дошт.”

Нигарониҳо аз раҳбарияти Интерпол ва эҳтимоли истифодаи нодуруст аз он чизи нав нест.

Талаби Русия барои таъини як мансабдори баландпоя ба раёсати Интерпол дар соли 2018 пас аз он ноком шуд, ки мақомоти ғарбӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар ҳушдор доданд, Кремл аз ӯ барои назорат ва таъқиби мунтақидон истифода хоҳад кард. Тибқи гузориши созмони Freedom House дар соли 2021, 40 дарсади ҳазорҳо дархости боздоштро, ки ҳамасола аз ҷониби Интерпол содир мешавад, Русия додааст.

Тоҷикистонро ҳам танқид мекунанд

Дар ин қатор Тоҷикистон ҳам танқид мешавад. Бино ба пажӯҳиши коршинос Эдвард Лемон дар кишвар то соли 2017 2528 нафарро тавассути Интерпол ҷустуҷӯ кардаанд, ки 2,3 дарсади кулли дархостҳои Интерполро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон ҳамагӣ 0,12 дарсади ҷамъияти ҷаҳонро дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон аз панҷ "муштарии" фаъоли Интерпол будааст. ВИДЕО

Бино ба пажӯҳишҳои Лемон, дар ҳоле ки қисме аз шахсони таҳти ҷустуҷӯ ифротгароён дар Ироқу Сурия ҳастанд, теъдоди зиёди онҳо узви созмонҳои сиёсии мухолифи давлат, ба мисли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастанд. Аз ҷумла, раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ.

“Новобаста аз натиҷаҳои ҷаласаи 25-уми ноябр,” гуфт Лемон, "нақши ҳукуматҳои худкома дар дохили Интерпол афзоиш хоҳад ёфт, зеро онҳо мехоҳанд аз ин созмон барои таҳкими обрӯи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ва таъқиби мухолифони сиёсӣ истифода кунанд.”